(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовору шоиста таҷлил намудани 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, то имрӯз беш аз 163 иншоотҳои гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 341 банд тасдиқ гардида, ки дар он ба ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, нақшаи чорабинии мазкур бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст, ки дар давраи аз соли 2018 то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар давоми соли 2018 дар маҷмўъ 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бо дарназардошти татбиқи лоиҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ ва ба истифода додани беш аз 69 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ амалӣ гардонида шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 бошад, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шуда, дар ин замина дар шаҳр як қатор иншооти хурду бузурги хизматрасонию маишӣ ва саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра дар шаҳри Хуҷанд дар доираи сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бидуни нақша низ якчанд иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Боиси фараҳмандист, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои ҷашнгирии Иди Наврўзи ҷаҳонӣ якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, барои боз ҳам зебо гуворо гардидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва таъмини ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, микроноҳияи 19-ум, бинои Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ва дар шафати он маркази хизматрасонӣ, маҷмааи “Роҳи танобӣ”, тарабхонаи замонавии “Темурмалик” ба истифода дода шуданд.

Маҷмааи “Роҳи танобӣ” ва тарабхонаи замонавии “Темурмалик” дар соҳили дарёи Сир минбаъд имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ боз ҳам зиёд гашта, барои рушди иқтисодиёти шаҳр заминаи мусоид фароҳам орад.

Аз ҷумла дар рўзҳои ҷашнгирии Наврўзи ҷаҳонӣ санаи 20 -уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ маркази хизматрасонии замонавӣ бо номи “Шоҳона”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Тарабхона дорои толори васеъ ва кабинаҳои хурду калон, ки бо тарҳи миллӣ оро дода шудааст иборат мебошад. Алҳол дар тарабхонаи мазкур 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Инчунин худи ҳамон рўз дар кўчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба истифода дода шуд.

Бинои нави озмоишгоҳӣ аз ҳисоби маблағҳои донишкада бо харҷи беш аз 2 миллиону 374 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷўёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хўрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ низ як маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Баҳри беҳтар гардонидани шароити манзилии аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр дар ин давра инчунин 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна ба маблағи 33 миллиону 608 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмўъ дар семоҳаи аввали соли 2019 беш аз 15 банди нақшаи чорабинӣ бо харҷи 51 миллиону 976 ҳазор сомонӣ ва ғайринақшавӣ бошад 9 адад иншоот бо харҷи 40 миллиону 332 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 94 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ ба маблағи умумии беш аз 92 миллиону 308 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Умуман дар давоми солҳои 2018 ва 2019 то имруз 72 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардида, беш аз 163 иншоотҳои гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Алҳол бошад, дар 59 банди нақшаи чорабиниҳо корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, саноатию хизматрасонӣ ва маъмурӣ идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иқдом гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корбариро вусъат намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...