(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд соли 2018-ум 33 кўдакистон, 12 кўдакистонҳои хусусӣ, 1 Маркази ислоҳнамоӣ - педагогӣ барои кўдакони норасоии нутқдошта фаъолият менамояд, ки дар онҳо 9314 нафар тарбиятгирандагон аз ҷониби 463 нафар мураббияҳо бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар 16 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 20 гурўҳҳои Маркази инкишофи кўдакон бо теъдоди 417 нафар кўдакон фаъолият мебаранд, ки дар маҷмўъ дар онҳо 9731 нафар кўдакон фаро гирифта шуд.

Ҳамчунин 47 мактаб ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимӣ 40728 нафар хонанда (19043 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, баҳри таълими онҳо 2509 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2211 нафарашон занҳо мебошанд.

Баҳри ба таҳсил фаро гирифтани хонандагоне, ки бе сабаб аз таҳсил дур мондаанд ва дар дарсҳо иштирок намекунанд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар оғози соли таҳсил 45 нафар мутахассисони ҷавон ба фаъолияти касбӣ шурўъ намуданд. Ба ҳамаи онҳо омўзгорони собиқадору ботаҷриба вобаста карда шуда, бо мутахассисони ҷавон қарордоди меҳнатӣ ба мўҳлати 3 сол баста шудааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи омўзгорони фаннӣ соли 2018 дар курси такмили ихтисос 484 нафар омўзгорони фаннӣ савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он 161,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳангоми мулоқот дар гимназияи №1-и шаҳр ба номи Раҳим Ҷалил ва татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар давраи ҳисоботӣ 39 адад кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳо пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда, то охири моҳи марти соли 2019 дигар кабинетҳои фаннии вуҷуддошта ба талаботи замони муосир ҷавобгў карда мешаванд.

Баҳри амалӣ гаштани Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 153 адад компютер, 35 адад тахтаи электронӣ, 41 адад принтер ва 32 адад проектор харидорӣ карда шуд. Дар маҷмўъ, дар муассисаҳои таълимӣ 1438 адад компютер, 111 адад тахтаи электронӣ, 144 адад проектор, 202 адад принтер мавҷуданд. Ҳамаи компютерҳо пурра ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Дар литсейи физикӣ - математикии №1, мактаби №19, литсей барои хонандагони болаёқат ва мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дарсҳои омўзишӣ (9 соат) оид ба «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Аз 2418 нафар хатмкунандагони соли 2017-2018-ум 1893 нафарашон (78,3%) тавассути Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои худро супориданд ва 5 нафар ятимони кулли муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи донишҷўйро гирифтанд.

Инчунин, 395 нафар хатмкунандагони соли 2018 дар Донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуда, таҳсил намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки Марказҳои миллии тестӣ барои довталабон дар МТМУ №5 ва гимназияи №24-и шаҳр амал мекунад.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз моҳи январи соли 2015 бо 5 воҳиди корӣ дар бинои дар тавозуни МТМУ №14 буда, фаъолият дорад. Барои таъмири бинои мазкур 40,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардида, ду ҳуҷраи корӣ ва ду синфхона омода карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 сохтан ва таъмири маҷлисгоҳ ва 2 синфхона пешбинӣ карда шудааст. Барои муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо 20,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, тахтаи электронӣ, компютер, принтери ранга ва мебел низ харидорӣ карда мешавад.

Дар 47 муассисаҳои таълимии шаҳр марказҳои илмӣ - амалии «Рушди истеъдодҳо» таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар назди марказ 16 маҳфили фаннӣ ва 4 маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил гардидааст.

Бо мақсади пурра таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ бо 12 коргоҳҳои дўзандагӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 барои 22280 нафар хонандагон дўхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шуда, он пурра иҷро гардид.

Дар арафаи соли хониши нави 2018-2019 аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 200 нафар кўдакони камбизоат ва ятим либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим карда шуданд.

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорон, дарёфт намудани омўзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 дар муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2018» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2018» бо ғолибияти омўзгори фанни забони англисии мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Олимов Парвиз ҷамъбаст гардида, омўзгор дар даври вилоятии озмун сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Дар озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон-2018” мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №27 Валиева Биҳанифа сазовори ҷойи 1-ум гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Моҳи августи соли 2018 ба 97 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сессияи Академияи хурди илмҳо, хонандагони боистеъдод барои гузаронидани истироҳати тобистона дар истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият” аз тарафи Раиси вилоят роҳхат тақдим карда шуд.

Дар ин давра 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №6, 8, литсейи №1, гимназияи №24, МТҒ Ганҷ, Гулчини маърифат ва литсейи Донишкадаи политехникӣ барандаи стипендияи Президентӣ гаштанд. Инчунин, 10 нафар хонандагони ихтироъкор ва навовар, ки дар озмун-фестивали ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, ба гирифтани дипломи Вазорати рушди саноат ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштанд.

Дар озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” хонандаи синфи 10-уми МТМУ №2 Ҳакимов Латиф бо сипосномаи Раиси вилоят ва 5,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” хонандаи синфи 10-уми литсейи №1 Ҳошимова М. бо сипоснома ва 3,0 ҳазор сомонӣ барои ишғоли ҷойи 1, хонандаи синфи 10-уми МТҒ “Кавсар” Қурбонбоев Ҷ. бо сипоснома ва 2,0 ҳазор сомонӣ, барои ишғоли ҷойи 3 хонандаи синфи 4-и гимназияи №4 бо сипоснома ва 500 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Моҳи декабри соли 2018 хонандаи синфи 10-уми МТҒ “Гимназияи Гёте” Холиқова Тахмина дар Олимпиадаи байналхалқии ба номи Пушкин ва дар давраи финалии олимпиадаи XVI байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки дар шаҳри Москваи Федеретсияи Россия баргузор гардиданд иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва ҷои аввал дар номитансияҳои «Наттоқи беҳтарин» ва «Беҳтарин донандаи таърих ва фарҳанги Россия» гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии Қоидаи ҳаракати роҳ - «Шаҳри бехатар аз назари кўдак-2018» хонандаи синфи 8-уми гимназияи №1 - Исмоилов Олимҷон, хонандаи синфи 5-уми МТҒ Паймон - Фаррухзода Раиса ва хонандаи синфи 5-уми МТМУ №26 - Шарифбоева Робия ғолиб гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ таҷрибаи пешқадами педагогии 12 нафар муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 6 нафар мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ паҳн гардид. Дастурҳои методии 76 нафар омўзгорони муассисаҳои таълимӣ дар миқёси шаҳр таҳия шуда, таҷрибаи пешқадами омўзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникӣ Аминова Зебо дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн гардид.

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар 2018 сол 159 нафар омўзгорон ба маблағи 122,1 ҳазор сомонӣ ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ 283 нафар омўзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд.

Баҳри татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд.

Мактабҳои таълимашон бо забони русӣ гимназияҳои №13 ва гимназияи Гёте мебошанд. Ғайр аз ин боз дар 14 мактабҳои шаҳр синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият мебаранд, инчунин дар мактабҳои №7, №16, гимназияи Гёте дар баробари забони англисӣ, забони немисиро низ меомўзанд.

Дар назди 22 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 46 гурўҳ бо забони русӣ фаъолият намуда, дар боқимонда кўдакистонҳо дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 14 машварати доимоамалкунанда доир гардид, ки дар он 78 дарсҳои намунавӣ, 14 чорабинии беруназсинфӣ ва 34 маърўзаҳо аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ муҳокима карда шуданд.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»” дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ иборат аз 7 нафар ташкил карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт, тафаккур ва маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии худкушӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти университети падару модарон пурзўр карда шуда, аз рўи нақшаи намунавии машғулиятҳо корбарӣ намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи мактабҳо ташрифи роҳбарони синф ва намояндагони маъмурият ба хонаҳои хонандагон ба роҳ монда шуда, дар рафти ин чорабинӣ аз вазъи зист ва шароити оилавии 6850 нафар хонандагон шиносоӣ пайдо гардид.

Баҳри татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” тадбирҳои заруриро андешада шуда, айни ҳол дар шаҳр 12 муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Шумораи кўдакон ба 828 нафар расида, рў ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони инфиродӣ соли 2017 барои бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ ҷиҳати паст намудани шиддати навбати кўдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар минтақаҳои Хуррамшаҳр, маҳаллаи 8-ум, маҳаллаҳои «Бофанда» ва «Чашма» замин ҷудо карда шудааст.

Соли 2018 бо иштироки Роҳбари давлат муассисаи таҳсилоти томактабии №28 дар маҳаллаи Навбаҳор барои 320 нафар кўдакон ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Суғдиён” барои 240 нафар кўдакон дар маҳаллаи 19 ифтитоҳ гардида, ба истифода дода шуд.

Дар муассисаҳои томактабӣ ошхонаҳо ва намои зоҳирии бино аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳо дар ҳамаи гурўҳҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст. Дар ҳамаи гурўҳҳо воситаҳои техникии таълимӣ ба монанди телевизор, ДВД ва компютерҳои бозии бачагона истифода бурда мешаванд.

Дар кўдакистонҳои хусусӣ барои амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русию англисӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, шароити хуби замонавӣ муҳайё карда шудааст. Дар таълими он омўзгорони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ таъминот бо китобҳои дарсӣ асосан аз ҳисоби муассис ба роҳ монда шуда, ҳангоми тариқи расмӣ дархост намудан тибқи меъёрҳои муқарраргардида бо китоб таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, барои таъмини саривақтии хонандагон бо китобҳои дарсӣ, ҳангоми нарасидан ва мавҷуд будани он дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, бо ризояти сарварони муассисаҳои таълимӣ тибқи қарордод байни ҳам додугирифти китобҳои дарсиро ба роҳ мемонанд.

Дар баробари ин аз Сафоратхонаи Федератсияи Россия 37 номгўи китобҳои дарсии «Русский язык» ва «Литературное чтение» барои синфҳои 1-11–и таълимашон бо забони русӣ ба миқдори 1719 адад тариқи ройгон ба ҳамаи мактабҳо аз ҷумла, ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ низ дастрас карда шуд.

Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки...
10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид. Дар мулоқот, ҳамзамон директорони Марказҳои дарёфт ва рушди...
  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Маҳмудова Мухлиса (аз синфи 9а) дар мавзӯи "Истиқлол-неъмати бебаҳо"  сазовори Дипломи дараҷаи 1-ум,...
Санаи 20 октябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи «Зайниддин Осимов»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки нозири шуъбаи ташвиқотию тарғиботии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд, майёри милитсия Ч.Ҳакимзода ва мушовири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри...
Аз санаи 18 то 21 октябри соли 2022 дар пояи гимназияи 1 шахри Хучанд мусобикаи футболи хурд байни духтарон барои дарёфти Чоми  мудири шуъбаи маориф бахшида ба 30 солагии Ичлосияи 16 Шурои Олии Чумхурии Точикистон баргузор мегардад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст...

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...