(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани гувоҳномаҳо ба 30 нафар хамткунандагони курси омӯзишии “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маросими шаҳоданомасупорӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҷомеаи башарӣ тимсоли офаранди ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рўзгор ниҳоят бузург арзёбӣ намуда, рисолати занонро дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва муайянкунанда медонад. Давлату Ҳукумати ҷуҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии бонувон таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ ва фаъолияти самараноки онҳо тадбирҳои муассир андешида, мақому манзалати занонро рўз ба рўз дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат таҳким мебахшад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки яке аз дастовардҳои асосии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ин такмили идораи давлатӣ ва таъмини гузариш ба низоми демократӣ буда, дар ин давра таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба яке аз самтҳои нозуки рушди ҷомеаи тозаистиқлол, яъне дуруст муайян намудани сиёсати кадрӣ муваффақ гардидем. Бо назардошти муҳим будани масъалаҳои идораи давлатӣ ва тарбияи кадрҳои боистеъдод тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт барномаҳои кўтоҳмуҳлат, миёна муҳлат ва дарозмуҳлат қабул гардиданд. Дар соли 2018 аз рўи маълумоти оморӣ дар шаҳр 1164 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мебаранд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2010 - 372 нафар зиёд мебошанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар занон фаъолият доранд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, аз моҳи ноябри соли 2018 курси 3-моҳаи “Мактаби сарварӣ” аз ҳисоби 30 нафар занону духтарон таъсис дода шуда, шунавандагони курси мазкур онро бо муваффақият хатм намуданд. Ҳадафи асосӣ пеш аз ҳама таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробарии мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, тарбияи ахлоқӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирӣ дар соҳаи хизматӣ давлатӣ мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 30 нафар хатмкунандагони курси 3-моҳаи “Мактаби сарварӣ” Шаҳоднома тақдим карда шуд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мавлуда Шарифзода ва хатмкардаи курси “Мактаби сарварӣ” Мадина Салимова аз ин таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии «Тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дастпарварони “Мактаби сарварӣ” дар ояндаи наздик дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ - устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату бонангу номус, ватандўсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ, сабру таҳаммул, хоксорию фурӯтанӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳиссаи сазовори хешро мегузоранд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...