(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба хотири фарорасии соли нави 2019-ум имрӯз тамоми мардум ҳамдигарро табрик мекунанд. Мавзӯи асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ҳам ҳамин аст.  Аммо дар яке аз сомонаҳои ифротӣ табрикоти бисёр аҷибе нашр шудааст, ки ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар мебошад. Гап сари ин аст, ки саркардаи фирории ташкилоти террористӣ ҳамчун раиси ПМТ (эътилофи зиддимиллии ҷинояткорону террористон) мардуми кишварро бо фарорасии соли нав табрик кардааст. Густохию таҳқир аз ин бештар намешавад, ки сарвари террористон аввал ба ватану миллат хиёнат мекунад ва боз бо табрикот ба мардум муроҷиат менамояд.

Дар табрикоташ ин палид аз чандмиллиятиву чандмазҳабӣ будани Тоҷикистон ва дар рӯзҳои сахттарин дар паҳлӯи ҳамдигар будани ин халқҳо, инчунин аз арзишҳои волои инсонӣ ёдовар мегардад. Аммо ҳамон рӯзҳои сахтро ба сари мардуми гуногунмиллияту гуногундини кишварамон маҳз ташкилоти террористии наҳзатӣ оварда буд. Сабабгори асосии аз Тоҷикистон рафтани аксарияти намояндагони миллатҳои дигар, ки дар ободии кишвар саҳми арзанда доштанд ва бештарашон мутахассиони беҳтарин буданд, маҳз ҷанги шаҳрвандие буд, ки аз тарафи роҳбарону масъулини ташкилоти террористии мазкур роҳандозӣ шуда буд. Ҳамин ифротиёни террорист буданд, ки дар кишварамон ба хотири расидан ба мақсадҳои нопокашон ва барои манфиати молиявӣ мазҳаби бегонаро таблиғ карданду одамонро аз рӯйи аломати динӣ-мазҳабӣ ҷудо намуда, қатлу ғорат карданд. Иқтисоду саноати кишварро ба нобудӣ расонданд. Одамонро бехонумону овора карданд.

Саркардаи террористони фирорӣ дар “табрикоташ” оид ба ҷомеаи солим, ҷашну шодӣ, ҳамбастагию ҳамдилӣ ҳарф мезанад. Аммо дар Тоҷикистон ҷомеаи солим танҳо вақте бунёд ёфт, ки ташкилоти террористии мазкур мамнуъ гардид. Ба ҷашну шодӣ ва ҳамбастагию ҳамдилӣ пештар ҳамин гурӯҳи табоҳкор монеа буд ва баъди бартараф шудани он дубора  барқарор шуданд.

Дар матни “табрикоташ” саркардаи террористон нашармида миллатро азияткашида меҳисобад. Дар солҳои навадуми асри гузашта миллати мо дар натиҷаи фаъолияти тахрибкорона, ҷиноятҳои сангин ва амалҳои террористии наҳзатиҳо ба азобу азият гирифтор гардида буд. Ин гурӯҳи аҳриманӣ ба хотири татбиқи манфиатҳои сарпарастони  хориҷиашон ва барои бо зурӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ он замон аз ягон амали баде худдорӣ намекард. Куштори одамон, ғорати амволи хусусию давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои мудҳиш ба кори ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфта буд. Мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои мудҳиш ва амалҳои душманонаи наҳзатиҳои ифротию бадкорро ҳаргиз фаромуш накардааст ва дигар онҳоро намебахшад.

Ба сифати раиси ба ном эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон” (дар асл эътилофи ҷинояткорон) мардумро табрик кардани роҳбари террористони наҳзатӣ ниҳояти аблаҳию нобакории вай мебошад. Зеро мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ аз тамоми амалҳои тахрибкорона, ҷинояткорона ва террористии ин гуруҳи табоҳкори наҳзатӣ огоҳанд. Ба ҳама маълум аст, ки эътилофи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар асл таҷамуъи ҷинояткорон аст. Дар ин эътилоф он ташкилотҳое ҷамъ омадаанд, ки пештар аз тарафи худи наҳзатиҳо бо мақсади фиреби назар созмон дода шудаанд. Яъне ин террористон мехоҳанд тавассути макру ҳиллаҳояшон ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки неруи мухолифи сиёсӣ ҳастанд ва фрогири қишрҳои мухталифи ҷомеъа ва тоҷикистониҳои бурунмарзӣ мебошанд. Аммо дар асл инҳо аз як гурӯҳи маҳдуди ҷинояткороне иборатанд, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор кардаанд. Дер ё зуд инҳо дастгир гардида, дар назди қонун ва мардуми Тоҷикистон барои ҷиноятҳои содир кардаашон ҷавоб хоҳанд дод.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз Роҳбари худро дорад ва дар доираи сиёсати созандаи Сарвари давлат ба амалҳои ободкорию созандагӣ машғул мебошад. Ягон эҳтиёҷ ва зарурате ба муроҷиату табрикоти ин террористони зархарид ва палидони табоҳкори наҳзатӣ мавҷуд нест.

Диловари Хуршед,

таҳлилгар,   31.12.2018

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...