(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ сехи дӯзандагии «Амир»-ро мавриди истифода қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди ин коргоҳ, ки барои қабули фармоишот ва дӯстани либосҳои гуногун пешбинӣ шудааст 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мадина Каримова бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагии либосҳои гуногуни корӣ ва соҳавӣ мебошад, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти либосҳои ягона барои мактабҳо, корхонаву муассисаҳо, рахти хоб ва либосҳои миллӣ машғуланд. Афзалияти хоси ин коргоҳ дар он аст, ки матоъҳои дар дӯхташаванда истеҳсолоти ватанӣ буда, аз коргоҳҳои матоъбофии шаҳри Хуҷанд харидорӣ карда мешаванд.

altСифати либосҳои дӯхташаванда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, мувофиқ ба талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ифтитоҳи коргоҳи мазкур бо ёдоварӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо вазифадорем, барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам орем. Бахусус онҳое, ки баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Роҳбари Давлат ҷиҳати коркарди ниҳоии пахта тадбирҳо меандешанд, ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд.

Сипас Маъруф Муҳаммадзода бо коргарони коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуд.

Роҳбарияти коргоҳи мазкур нақша гирифтааст, ки то моҳи марти соли 2019 дар дигар минтақаи шаҳр чунин коргоҳро бо фарогирии беш аз 50 нафар коргарон таъсис ва ба истифода диҳад, ва минбаъд низ дар доираи имкониятҳои мавҷуда иқтидори истеҳсолиро зиёд ва шумораи ҷойҳои нави кориро бештар намоянд.

Муассиси коргоҳ Мадина Каримова иброз дошт,ки онҳо бо талаби вақт ва хоҳишу мароми мизоҷон либосҳои шинаму зебо ва муди нав духта, пешкаши харидорон кунанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бунёди коргоҳи мазкур, ки дар идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши созанда гузошта, фаъол кардани ин гуна иншоот самараи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...