(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди иҷрои муқаррароти иҷлосия иттилоъ дод, ки дар рўзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум 8 масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Аз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 11 моҳи дар соли 2018 ҳисобот дода шуд. Зикр гардид, ки мо ҳамагон зери таасуроти амиқи нишотбахши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорем, ки ду рӯз қабл тариқи шабакаҳои телевизионӣ ироа гардид. alt Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ мебошад.Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум унвон гардид.

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ноил гардидем.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо мақсади тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Боиси қаноатмандист, ки соли ҷорӣ барои ин соҳа хеле бобарор буда, новобаста аз омилҳои манфии таъсири беруна ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1,0 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1033,3 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз афзудааст.

Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1783 адад расида, теъдоди умумии кормандон 1081 адад зиёд шудааст, 12 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) бо теъдоди 296 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурд ба 165 адад расидааст.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи зиёда аз 73,0 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 24,0 дар сад афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 166,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,1 миллион сомонӣ ё 4,5 дар сад зиёд шудааст.

Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 32,7 фоизашон 21 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 292,3 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 35,1 миллион сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад. Ин омилҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам меорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти сусти корхонаҳои коркарди пахта изҳори нигаронӣ намуда, масъулини дахдоррро муваззаф намуд, ки ҷиҳати марҳилаи ниҳоӣ коркарди нахи пахта чоораҳои дахлдор андешида шавад.

Сипас аз тарафи Маъруф Муҳаммадзода доир ба нишондодҳо дигаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумоти муфассал ироа гардид.

Дар анҷоми суханронии худ Роҳбари шаҳр Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё ба рушди ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Аз ин ру зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Боварии комил дорам, ки дар соли нави омадаистода кулли сокинон бо номуси баланди ватандорӣ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеш гирифта, барои пурмаҳсулии солҳои минбаъда саҳми босазо мегузоранд.

Вакилон Мадина Набизода, Муяссар Раҳимова ва Муҳсин Исобоева дар музокира баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба дастовардҳои соҳаҳои шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 баён доштанд.

Сипас, вакилон буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 муҳокима ва ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2017 тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 ба маблағи зиёда аз 419 миллион сомонӣ қабул гардид.

Дар ҷараёни иҷлосияи масоил марбут оид ба муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Гулистон”, № 15 Назокат Ёрматова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор дода ва нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2018, қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд таъғироти кадриро баъди муҳокима тасдиқ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз кўчаи навбунёди маҳаллаи 15-и шаҳри Хуҷанд ба номи шоира Норинисо Алимуҳаммад, гузоштани лавҳаи хотиравии Қаҳҳор Махкамов ба суроғаи маҳаллаи Содирхон Ҳофиз, кўчаи Мансур Акрамов, ҳавлии №78 Ҳамчунин истгоҳҳои аз нав сохташаванда дар шаҳр номгузорӣ карда шуданд.Номи кўчаи байни микроноҳияи 8-12 ба номи Усмон Қосимов иваз карда шуд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Анвар Яъқубӣ аз вакилон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намуда, барои рушду нумуъи шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори иҷлосияи ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...