21 Декабр 2018
Бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ дар каҳвахонаи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз руйи нишонаҳои гендери дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаҳои ҷавонон, бонувон, кор бо маҳаллаҳо, САҲШ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои марбут ба ҳифзу озодиҳои занон ва пешгирикунандаи зӯроварӣ семинар баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ташкили чунин семинарҳоро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҷараёни мубодилаи андешаҳо бояд механизми ҳамкории субектҳо байни ҳамдигар бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, бозфиристондани ҷабрдидагон барои гирифтани хизматрасонӣ ва дастгирии шахсони ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила пешниҳод ва муайян карда шавад.Ҳамчунин дар ҷараёни семинар зикр гардид, ки бояд ҳамшарикии сохторҳои давлатӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва сарварони ғайрирасмии ҷомеа оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ба таври доимӣ дар сатҳи маҳал ташкил гардад. Субектҳои масъул уҳдадоранд, ки дар баҳодиҳӣ ба ҳама намуди иттилоъ ва маълумотҳо дахолат намоянд. Зеро ҳангоми гирифтани чунин иттилоъ субектҳои масъул муваззафанд, ки вокуниш нишон дода, чораҳои далдор андешанд.
Семинар дар фазои ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ анҷомид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд