4255
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
19 Декабр 2018
Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни шаҳрии "Маликаи сол" дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Довталабони озмун аз рӯйи шартҳои "Намоиши либоси миллӣ ва муаррифӣ", "Намоиши сару либоси ҳарруза", "Намоиши либоси ҷашнӣ", "Ҳунарнамоӣ дар ҷодаи санъат" ва "Намоиши либоси базмӣ-арӯсӣ" бо ҳам рақобат намуданд. Мадина Пӯлотова аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТ, Фарзона Акрамова, Дилдора Ҷӯраева, Хушнура Мирбобоева аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мастона Хоҷамуродова аз коллеҷи омузгории шаҳри Хуҷанд ва Меҳрангез Расулова муҳассили коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо маҳорати баланд ҳар як шарти озмунро иҷро намуданд. Ва ҳамин тавр бо баҳогузории ҳакамот донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Меҳрангез Расулова аз миёни шаш нафар довталабон унвони "Маликаи сол"-ро бо 149 хол ба даст овард.
Ҳамчунин озмуни мазкур "Бонуи ишқ", "Афрузандаи дилҳо", Бонуи мавзун", Ҳуснорои ҳусн" ва "Бонуи хиромон"-ро муайян намуда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни мазкур 25 сол инҷониб дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан