(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд натиҷабардорӣ карда шуд, ки дар кори он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти яксолаи кумиҷроияи ҳисобот дод. Таъкид шуд, ки кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ҳайати 226 адад ташкилоти ибтидоӣ қариб 17 ҳазор нафар аъзои худро муттаҳид кардааст. Ин ташкилоти муқтадири шаҳр дар ҳама чорабиниҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат варзида, тавассути аъзои фаъолаш дар пиёдасозии ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар қадами устувор гузоштааст. Аёдати пиронсолону барҷомондагон, ятимону шахсони яккаву танҳо, мулоқоти озоду шаффоф дар маҳаллаҳо ва гӯш кардани садои дили ниёзмандон аз фаъолиятҳои густурдаи ташкилоти ҳизбӣ ба шумор меравад.

altМавсуф ҳамзамон дар бораи чорабиниҳои муҳими сиёсии дар соли 2018 бо иштироки намояндагони ҳизб ташкил ва гузаронидашуда иттилоъ дод.

Сипас, як қатор роҳбарони ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, аз қабили Умеда Муродӣ, Зулфия Ашӯрова, Ҷаъфар Шодиев ва дигарон ба музокира баромада, доир ба дастоварди ташкилоти ҳизбӣ маълумот доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар солҳои аввали Истиқлолият бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Имрӯз ҳизб яке аз пештозони сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассути барномаи созандааш барои густариши вазъи иқтисодиву сиёсии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ва мутакко аст. Дар сафҳои он беҳтарин шахсиятҳо сарҷамъ омадаанд, ки метавон бо ин қувваи бузург мардумро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун сохт. Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад». Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо ташкилотҳои ибтидоии худ ҷиҳати амалӣ намудани вазифагузориҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши қарорҳои Анҷумани 14-уми ҳизб камари ҳимат баста, дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузорад.

altТаъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳими кори ҳизбӣ дар он аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд. Дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ канори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бошанд. Мо ҳамеша аз дастгириҳои доимиии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар самти инкишофи паҳлуҳои мухталифи ҳизб ва боло бурдани мавқеъи он дар ҷомеаи имрӯза бархӯрдорем. Аз ин лиҳоз мо бояд корро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо пурзӯр намоем, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротгароӣ пешгирӣ карда шавад. Хосса, бояд фаъолияти кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳриро ҷоннок намуд. Зеро ин қишри ҷомеа ниёз ба таблиғоти солим аст. Ва худатон воқиф ҳастед, ки аксари шомилшудагон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маҳз ҷавонон мебошад. Имрӯз мушкилиҳои оилаву оиладорӣ низ хеле зиёд аст. Мо иқдоми пешгирифтаи шуъбаи кор бо занони кумиҷроияро дар самти коҳишёбии хушунати оилавӣ, таҳкими оиладорӣ хуш истиқбол мекунем. Дар ҳамин радиф моро низ зарур аст, ки муборизаи беамону дастаҷамъиро ба ин гуна зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа қавитар созем ва нагузорем, ки чунин амалҳои ношоиста дар муҳитамон сар зананд. Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб бояд бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода шавад ва шахсоне ба сафи ҳизб дохил карда шаванд, ки маърифату маънавиёти зиёд дошта бошанд ва ҷонибдори ғояҳои созандаи ҳизб бошанд. Кумитаи иҷроияи шаҳрро зарур аст, ки нисбати масъалаи кадрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба вазифаҳои роҳбарии ташкилотҳои ҳизбӣ шахсонеро пешбарӣ намояд, ки дорои маданияти баланди сиёсӣ бошанд ва ба сиёсати пешгирифтаи ҳизб эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор бошанд. То интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ камтар аз якуним сол боқӣ мондааст. Кумиҷроияи шаҳрӣ харитаи сиёсии интихоботи гузаштаро тартиб дода, дар маҳалаҳое, ки нуфузи ҳизб камтар аст, корбарӣ намуда истодааст. Моро лозим аст, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ тайёрии ҷиддӣ бинем. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.Зеро бурду бохти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи оянда ба он вобастагӣ хоҳад буд, ки он имрӯз дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ чи мақому мавқеъ дорад ва мардум ба ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб то чи андоза таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори боварӣ намуд, ки мо сарҷамъона маъракаи муҳими сиёсиро бо сарбаландӣ доир намуда, дар оянда низ ҳизби бонуфуз ва мардуми будани Хизби Халқи Демократии Тоҷикистонро бо амал исбот намоем. Гузашти рӯз моро ба яке аз ҷашнҳои азизи муътабари 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон наздиктар месозад. Дар ин самт дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва ба истифодадиҳии беш аз 510 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ меҳнати созандаи мо армуғоне хубе хоҳад буд ба ин ҷашн. Хоссатан кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидои дар ҳамҷоягӣ бо кумитаи маҳаллаҳо дар ободии кӯчаву хиёбон ва маҳалли худ кӯшиш варзанд. Бештар аз мушкиливу муаммоҳои сокинон огоҳ бошанд. Бо амали бунёдкоронаи хеш пайваста аёдати шахсони яккаву танҳо, ятимону бесаробонмондаҳоро ба ҷо оранд. Танҳо ҳамдилу ҳамрози халқ будан моро дар ҳама ҷодаҳо соҳибэътибор мегардонад.

Сипас, раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Матлуба Сатториён баромад намуда, фаъолияти назарраси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро барои дигар шаҳру навоҳӣ ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизб аз дигар имконот истифода намуд, зеро нерӯйи бузурги зеҳнии истифоданашуда то ҳол вуҷуд дорад.

Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор фаъолони ҳизб ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...