18 Декабр 2018
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои нави маъмуриии прокуратураи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросимии ифтитоҳии иншооти мазкур гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда ба мардум муҳайё гардад. Ин ҳама дастгиригириҳо ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави прокуратураи вилояти Суғд дар масоҳати 0,50 га бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 ошёна ва як бинои 3 ошёнаи хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар ояндаи наздик барои кормандони прокуратураи вилоят дар ин мавзеъ бинои истиқоматӣ низ сохта мешавад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии бинои прокуратураи вилояти Суғд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд