(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ҳошияи матлаби «Ногуфтаҳо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст

Дар љавлонгоҳи сухан ҳар кас бо сеҳру эъљози ќаламаш ворид мешавад ва дар сабќати маъниофари қувва меозмояд. Барои нишон додани нерў ва ќудрати сухан муаллифро минбарҳои баланд, рўзномаву маљаллаҳои пурљило, сомонаҳои хоса ва харљи маблағҳои ҳангуфт зарурат надорад, балки доштани маҳорати суханвари кофист.

Ғарази муќаддимаи боло маълум кардани мавќеи як саҳифаи фейсбукии Додољон Атовуллоев дар радифи садҳо саҳифаи фейкии чоплусони наҳзати, сомонаҳои иғвоангезу дурўғбофи «командаи келинҳо»-и Муҳиддин Кабири мебошад, ки маќоли «як задани оҳангару сад задани сўзангар»-ро ба ёд меорад. Ба ибораи дигар, дар фазои маљози худи Додољон Атовуллоев кофист, ки посухи тамоми командаи беҳунарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломро диҳад.

Дирўз дар саҳифаи фейсбукии рўзноманигори тољик  Додољон Атовуллоев нигоштаеро бо унвони «Ногуфтаҳо» хондам. Дар ин матлаб аз заъифиҳои сардори ташкилоти террористи - ифротии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабири ва тарафдорони ў бисёр пуртаъсир сухан меравад. Баъд аз мутолиаи «Ногуфтаҳо» гуфтаниҳои зиёде вирди забони ҳар хонандаи он пайдо мешавад, ки вобаста ба муҳтавои матлаб андешаҳои мо чунин аст:

Нахуст, Додољон Атовуллоев «тамоми "бозёфтҳои" Кабириро аз Темур Вараќи то кадомин Муминовае, ки бо номи "Хоҳар Ҳумайро" машҳур аст, Худозадаву бахтбаргашта унвон медиҳад, ки ҳаќ бар љониби ўст.

Сониян, ин марди сухан даъвати «миёнаравҳо»-ро љиҳати иттифоќи Атовуллоев бо Кабири ба далелҳои асоснок рад карда, мегўяд: «бо Кабири пайвастан хиёнат ба озоди, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ба иловаи ҳамин гуфтаҳо месазад гуфт, ки пайвастан бо Кабири, ки ба ќавли худи Атовуллоев «намунаи беҳтарини олами ҳайвоноту наботот» аст, хиёнат ба тамоми инсоният мебошад.

Солисан, ба андешаи зерини Додољон Атовуллоев, ки дар шакли даъво аз «насиҳатфармоёнаш» ифода ёфтааст, сад дар сад љонибдорем. Талаби Додољон Атовуллоев аз «насиҳатфармоён», ки ба баҳси миёни ўву Кабири хотима гузоштан мехоҳанд ва ин баҳсро ба суди ҳукумат тарљеҳ медиҳанд, чунин аст: «… барои ман давлати Тољикистон муҳимтар аст. Роҳи Кабири роҳ ба љазирист. Роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сўи толибони ниќобпўш ва галстуку шляпаву кепкапўш аст. Носеҳони гиромулќадр, худро бошед».

Ҳамчунин дар ин гуфтоварди чун устухон дар гулўи палидони наҳзати  дармонда ќазияи аз ислом даст кашидани Кабири ва минбаъд худро ҳамчун «лидери оппозитсияи тољик» муаррифи кардани ў мавриди интиќоди Додољон Атовуллоев ќарор гирифтааст, ки дар навбати худ тавонистааст портрети аслии Кабирии террористиро тасвир ва ногуфтаҳои ҳар фарди худогоҳу бонанги тољикро дар ин хусус ифода бикунад. Додољон Атовуллоев бо ба миён гузоштани суоли аљибе мавќеи Кабирии худбохтаро дар олами терроризм чунин арзёби мекунад: "…одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсавори ба мерседессавори гузашт, имрўз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиќод бошад?… Агар Кабири худро роҳбари к..нтеҳои Тољикистон эълон кунад, бутпараст ё бехудо эълон кунад ҳам, Кабири барои ман як шогирди ношуди Ал-Бағдоди хоҳад монд. Ал-Бағдоди бо Калашников мекушад. Ал-Файзободи бо тўҳмату бўҳтон. Бо макру ҳиял. Аз паси парда. Аз паноҳгоҳ».

Дар фарљоми сухан Додољон Атовуллоев падари фитнагарони бахтбаргашта – Ал-Файзободиро ба баҳси озоду рў ба рў (чи дар фазои маљози ва чи дар мизи музокира) даъват кардааст, ки мо онро беҳтарин насиҳатнома барои Кабири мешуморем.

Додољон Атовуллоев ба Кабири таъкид намудааст, ки ба умеди чанд фейку чанд гумном нашавад. Ваќти он фаро расидааст, ки мисли ҳар марди соҳибном саҳфаашро дар Фейсбук фаъол кунад ва дар майдон мардона мағлубиятро ба сар гирад. Бас аст аз паси парда "сиёсатбози" кардан, бо макру ҳиял, бо найрангу дасиса, бо дурўғу буҳтон аз рўи сенарияҳои обшуставу беоќибат наќшофари намудан! Оќибати роҳи каљ ҳамин аст, бандаги, шармандаги, сарафкандаги!

Дар ҳошияи ин Посухи дандоншикани Додољони Атовулло ба Кабири  ва тамоми косалесону ољизакони ў андешасозиҳо зиёданд ва бешак аксари андешамандон гуфтаҳои Додољони Атовуллоро љонибдори карда, дар пайравии ў селаи номаҳои лаънату нафринро бар сари бахтбаргаштагони наҳзати рехта истодаанд. Зеро ин навишта:

  1. Пурра ҳаќиќати ҳолро дар хусуси касифию палидию разилию ҳаќирию љазирии Кабири ва бодовардаҳои ташкилоти террористиаш ифода кардааст;
  2. Симои аслии хоинони миллат – Кабири ва пайравони ўро, ки бо ҳар ниќоб ва аз паси пардаи ҳиллаву найранг баромад мекунанд, ба љомеа шиносонидааст;
  3. Нотавонию заъифии командаи ҳарзагўёни ТТЭ ҲНИ-ро, ки маблағҳои бузурги хољагони Кабириро бо намоиши беҳунаронаи «театри лўхтак» дар Аврупои асри ХХI ба боди фано медиҳанд, ошкоро маълум намудааст;

 

Кодир Рухов, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...