(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Роҳбари созмони “Ватандор” Додоҷони Атовулло дар саҳифаи фейсбукии худ матлаберо гузоштааст, ки аз чанд ҷиҳат ибратбахш ва қобили мулоҳизаву дастгирист. Ин навиштаҷоти кўтоҳ, вале пурмаъно асрори воқеаҳои зиёдеро ифшо месозад ва то андозае ба баъзе аз саволоти беҷавоб ҷавоб медиҳад. Аввал ин ки чи гуна дар моҳи августи соли 1992 нафарони дигарандешро, ки ҳамсангарӣ бо наҳзатиён доштанд, онҳоро канор зада ба руйхати сиёҳашон ворид намуда ба куштори онҳо дастур фармудаанд, ки дар ин радиф Додоҷони Атоулло ва Ҳоҷиакбар Тураҷонзода буданд.

Нуктаи дигар ин аст, ки дар маҷлиси Теҳрон, ки бархурди Додоҷони Атоулло бо Шодмон Юсуфу Тоҳири Абдуҷабор ва махсусан бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода аҷиб ва такондиҳанда аст. Мусаллам аст, ки наҳзатиҳо ба мисли оятуллоҳои эронӣ ҳар нафареро, ки мухолиф ва  дигарандеш бошанд, уро яҳудӣ ё гумоштаи яҳудиён унвон мекунанд. Махсусан ин гуфтаи Ҳимматзода ки “Додоҷон ман туро хуб мешиносам, газетаи ту “Чароғи рӯз”, газетаи яҳудињо аст. Ту ба яҳудињо хизмат мекуни”, хеле љолиб мебошад. Воќеан, ин як тавтеаест, ки наҳзатиён онро ба ҳамаи нафароне, ки ақидаи онҳоро қабул надоранд ва ё озодандешанд, ба онҳо барчаспи яҳудигароиро мезананд.

Нуктаи дигар ин аст, ки новобаста аз ин ки Додоҷони Атовулло корҳои зиёдеро барои собиќ Иттињоди мухолифин анҷом додааст, вале наҳзатиён онро ҳеҷ гоҳ ҳамчун “одами худӣ” қабул надоштаанд. Шояд ин бозгўкунандаи он бошад, ки дар баробари мухолифати ақидатӣ, барои онҳо маҳаллият низ дар дараҷаи аввал қарор мегирифтааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки Додоҷони Атоулло ошкоро тасдиқ менамояд, ки пас аз таъсиси созмони “Ватандор” аз дасташ миллионҳо гузаштааст ва ҷавонмардона иқрор мекунад, ки ҳар гуна созмон ё ташакулла бо сармоягузорӣ барпост, на ба чизи дигар. Масъалаи дигар он аст, ки ҳар ҷо ки нооромӣ ё бесуботии иҷтимоӣ бошад он ҷо дузд, қаллоб, камондор, бо зури силоҳ чизу дороии мардумро ба ғорат мебаранд. Нуктаи дигар дар ин навишта он аст, ки бо тавтеаву фарёдҳо ҳазорон нафарро гул заданд, ба майдонҳо кашиданд, ба онҳо ваъдаҳои осмонӣ доданд, силоҳ бар дасташон ниҳоданд ва дар охир қурбонашон карданд. Аммо имрӯз касе аз онҳо ёд намекунад ва њатто  тифлаконашон сарсону саргардонанд. Яъне ин ҳамон даъвои чанд нафар беасле буд, ки бо фарёду ҳамҳама ба хотири расидан ба ҳокимият ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ ҳазорон ҳазорро қурбон карданд. Имрӯз аз номи онҳо бо ин ҳизбе, ки аз бунёд олудаи ҷиноят аст, нафароне, ки аз хуни дигарҳо тиҷорат карда, сарват љамъ оварданд, имрӯз аз озодӣ, мубориза ва эътилоф ҳарф мезананд.

Додоҷони Атовулло сидқан ва холисан эътироф менамояд, ки  наҳзатиён ҳамон дуруғгую палидҳоеанд, ки солҳои 90-уми  қарни гузашта ҳазорон нафарро ваъдаҳои осмонӣ доданд, ба майдонҳо кашониданд ва ахиран онҳоро дар нимароҳ гузошта, қурбонӣ намуданд. Имрӯз даъвоҳои Кабирии тоҷир ки ҳама чизро ба вазни тиҷоратҳои хеш бармекашад, ҳамон фитаи куҳнаро аз нав ба бозӣ даровардан аст. Даъво пеш меоварад, ки ҷавонон ба ӯ пайванданд ва ба онҳо ваъдаи “биҳишти адн”-ро медиҳад, ки дар ҳоли ба даст овардани ҳокимият ба онҳо мансабу зиндагии осмониро ваъда медиҳад. Воқеан, дар ин самт пайравӣ аз “пирони тариқаташ Оятуллоҳ Хумайнӣ мекунад”, ки дар бомдоди инқилоби исломӣ ба мардуми Эрон ваъда карда буд, ки «мо ҳамаро барои шумо маҷонӣ” мекунем ва барояшон биҳишти заминӣ ваъда карда буд. Додоҷони Атовулло бисёр таъкиди бамаврид мекунад, ки ба ин мушҳову рубаҳњо бовар накунед: “ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед агар сад бор тавба кунад, бовар накунед агар сад бор савганд ёд кунад, бовар накунед агар ҳазор бор баёния пахш кунад, бовар накунед, агар сад бор паймон бубандад, ҳама ҳарфашон дуруғ аст, ҳама ҳарфашон такрор аст... Онҳо кузаи холианд. Ҳар чи дигарон резанд ҳамон метаровад. Намози онҳо дуруғ аст. Мусалмонии онҳо дуруғ аст, одамияти онҳо дуруғ аст”. Воқеан дар ин чанд сатр чеҳраи аслии наҳзатиён ва махсусан роҳбари он Кабириро амиқ ва дақиқ тасвир менамояд. Собит мекунад, ки инҳо буданд, ки тамоми умр дигаронро фиреб доданд, хиёнат карданд ва ахиран паймони ваҳдат ва ризоияти миллиро низ ҳаминҳо шикастаанд. Инҳо ҳамон ҳеҷкораҳоеанд, ки аз худ шахсият метарошанд вале ҳеҷ ҳарфе барои гуфтан надоранд, ҳеҷ андешаи созандае дар сар надоранд, танҳо барои расидан ба ҳадафҳои шуму нопоки хеш мардумонро ба гумроҳӣ мекашонанд ва аз нодонии онҳо осиёби манфиатҳои хешро ба гардиш медароранд.

Дар поёни ин навиштаи кутоҳ Додоҷони Атовулло ҷавонмардона иқрор мешавад, ки воқеан насли солҳои 90 насли гунаҳгор буд. Новобаста аз он ки дар кадомин сангар қарор гирифт ё бетарафиро баргузид сабабгори марги 150 ҳазор нафар ва шикасти иқтисоди миллӣ ва тороҷ шудани он гардид. Ва талаби омурзиш карда аз Худованд дархост менамояд, ки дигар дар сарзамини мо хун нарезад ва ҳар нафаре боясти ана ҳаминро чун манфиати миллӣ қабул намояд ва онро аз манфиатҳои хурду резаи гуруҳӣ болотар ҳисобад. Ин гуиш ва ин навиштаи пурмуҳтаво, ки онро муаллиф барнома,  сиёсатнома ва насиҳатномаи худ барои аҳли ҷомеа медонад, воқеан аз тарафи касе баён мешавад, ки дар давоми 27 соли охир ҳамаро аз таҷрибаи шахсии хеш гузаронидааст, таақул кардааст ва ба ин натиҷа расидааст. Воқеан ин эътироф эътирофи ҷавонмардона ва ин навишта навиштаи хирадмандона аст.

 

Эҳсони Илҳом

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...