29 Ноябр 2018
Тибқи нақшаи шўъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, таҳти рақами №577 ва «16 рўзи алайҳи хушунат нисбати занон» дар МТМУ №27-и шаҳр вохўрӣ бо сокинон бахусус занони маҳаллаҳои Масчиди савр ва Раззоқ» баргузор гардид.
Мавзуъи асосии чорабинӣ пешгирии зўроварӣ дар оила, ҷиноятсодиркунӣ байни занон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги либоспўшӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо баргузор мегардад.
Дар нишаст мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова, нозири калони ШВКД оид ба зўроварӣ Н. Мўминова, нозири минтақаи маҳаллаи «Раззоқ» иштирок ва баромад намуд.Таъкид шуд, ки ҳадафи гузаронидани чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳвардон, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилахо, боло бурдани фарханги оиладорӣ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд