26 Ноябр 2018
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз раванди сохтмони иншооти дар шаҳр бунёдшаванда аз ҷараёни корҳои азнавсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандии маҳаллаи 32-юми шаҳр боздид ба амал овард.
Бояд қайд намуд, ки таҷдиди боғи мазкур дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифта, аллакай бунёди пояҳои панаҷараҳои атрофи боғ оғоз гардида, суръати корҳо дар сохтмони таҳкурсии расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ низ ба чашм мерасад.Роҳбари шаҳр ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва фатнок анҷом додани он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд