26 Ноябр 2018
Ҳамасола дар тамоми дунё аз санаи 25 ноябр то санаи 10 декабр маъракаи густурдаи "16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон" баргузор мегардад.
Соли ҷорӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба ин муносибат аксияи "Ҳаёт бе хушунат зебост" дар дохили хатсайрҳои автобусҳои №3 ва 4 гузаронида шуд ва мусофирон дар ин рӯз комилан ройгон аз хизматрасонии автобусҳо истифода намуданд.
Тавре, ки аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, максад аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби аҳли ҷомеа ба ин масъалаи мубрам, пешгирии зуроварӣ дар оила ва пойдории оилаҳо мебошад. Ҳамчунин дар ин рӯз байни мусофирон викторина гузаронида шуда, зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон соҳиби туҳфаҳо гардиданд.Викторина аз ҷониби ҳаҷвнигорони «Тоҷик-шоу» шавқовар гузаронида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд