(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадалҳои рўзноманигор Ҳарамгули Қодир бо фаъолони ТТЭ ҲНИ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Муҳтавои баҳс ин аст, ки Ҳарамгули Қодир иддаои онро мекунад, ки соли 2015 намояндагони ҳизби «Адолат»-и Туркия ба ТТЭ ҲНИ ҷиҳати озод намудани адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров маблағи пулӣ додаанд. Аммо ин маблағи пулиро сухангўйи наҳзат Бобоҷони Қаюм (Бобоҷон Қаюмов) аз худ кардааст. Хуб, он чи ки Ҳарамгул дар қолаби як баҳс бо наҳзатиҳо ироа доштааст, бедалел буда наметавонад, зеро ки Ҳарамгул солҳои пештар бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст ва муддате аз ҳавохоҳони он ҳам ба шумор мерафт. Аммо асли қазия фаротар аз он аст, ки Ҳарамгул мегўяд. Илова бар ин, баҳси истифода ва ё сўйистифода аз сармоягузориҳои берунӣ аз ҷониби раҳбарияти наҳзатӣ баҳси тозае низ нест.

ТТЭ ҲНИ дар давраи роҳбарии Кабирӣ аз оғози фаъолият бо сармояи хориҷӣ сару кор дошт. Маълум аст, ки наҳзат таҳти васояти чанд сарпарасти хориҷӣ фаъолият кардааст ва ин раванд то имрўз идома меёбад. Ҳанўз дар мусоҳибаи махсуси матбуотӣ собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаров (ҳафтаномаи «Фараж»(«50 (576) аз 13 декабри соли 2017) паҳлуҳои норавшани қазияи наҳзатӣ ва раҳбарияти онро, ки ба масоили пулӣ иртиботи бевосита доштааст, ошкор карда буд. Дар қисмати аввали мусоҳибаи мазкур сухан аз «4 миллион доллари дар Покистон дар оборот» будаи наҳзатиҳо меравад ва ҳангоми машварат дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон ин масъала рў мезанад ва парда аз рўйи баъзе воқеиятҳоро бозмекушояд.

Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки миқдори 4 миллион доллар, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсии ТТЭ ҲНИ пешбинӣ шуда буд, дар дасти наҳзатиён ба хотири пур кардани ҷайб ва ҷамъовари сарват истифода гардидааст. Қабл аз мусоҳибаи матбуотии қумондони собиқ Ҳаким Қаландаров, собиқ корманди амниятии наҳзатӣ Сиёҳаков таъкид карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТТЭ ҲНИ маблағҳои калони пулӣ ворид мегардид ва тавассути ин маблағҳо, аз як тараф,  лоиҳаи нооромиҳо дар мамлакат  кашида мешуд ва аз тарафи дигар, ҷайби баъзе масъулини наҳзатӣ лабрез  мегардид.

Махсусан, дар замони сукунат дар Туркия роҳбарияти фирории наҳзатӣ аз ҷониби гурўҳҳо ва созмонҳои муайян сармоягузорӣ мешуд ва табиист, ки он маблағҳои пулӣ ҳамагӣ ба кори идеологӣ ва сиёсӣ масраф намегардид ва масъулин-бизнесменони наҳзатӣ ҳатман аз он ҳадоё дар бизнеси хонаводагӣ истифода бурдаанд.

Баҳси гармеро, ки Ҳарамгул дар мавриди истифодаи шахсии маблағҳои хориҷӣ аз тарафи муҷриёни пружаи наҳзатӣ ба миён овардааст, собиқаи таърихӣ дорад ва савобиқи онро болотар ба таври иҷмолӣ ишора кардем.

Аз ин лиҳоз, на танҳо Бобоҷони Қаюм, балки ҳар як нахзатии дар дохилу хориҷ сукунатдошта аз ин навъ сармоягузориҳо ва ҳадяҳои пулию  молӣ беибо истифода бурда ва мебарад.  Охир, бозии наҳзатӣ аз ибтидо бо пулу мол ва сарвату қудрат иртиботи мазмунӣ ва ғоявӣ дошт. Гузашта аз ин, тими наҳзатӣ имрўз аз ҳар замоне дида ба сармояи хориҷӣ ва лабханду илтифоти сиёсиюни ғарбӣ ниёз дорад ва ин ниёзмандӣ онҳоро ба вартаи ҳар гуна ҳиллаю ҷинояткорӣ ва ё тақаллуби пулию молӣ тела медиҳад.

 

Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...