(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрўз дар Тоҷикистон ид болои ид аст. Мардуми шарифи кишварамон Рўзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва  ифтитоҳи фаъолияти иншооти бузурги аср - НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама бо чеҳраҳои хандон, дилҳои пурфараҳ ва лабрези шодӣ ҷашнҳои мазкурро таҷлил мекунанд ва хусусан аз кушодашавии ин нерўгоҳи азим, ки солҳо боз интизораш буданд, хурсанданд. Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва шарик будан дар хурсандии мардуми Тоҷикистон шумораи зиёди  дўстони мо аз кишварҳои дуру наздик низ ташриф овардаанд.

Бешубҳа имрўз саҳифаи наве дар таърихи миллати мо оғоз мегардад, ки тадриҷан зиндагиамонро ба самти беҳбудӣ тағйир хоҳад дод. Зеро НБО Роғун тибқи пешгўии коршиносон, ба тараққиёти саноати Тоҷикистон ба таври назаррас мусоидат карда, дар рушди кишварҳои дигари минтақа ва таъмини мунтазами онҳо бо об ҳам таъсири мусбӣ мегузорад. Инчунин, ин иншооти бузургу муҳим истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин карда, имконият медиҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя низ неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза содирот карда шавад.

Аммо фаромуш набояд кард, ки мо то ин рўзи пурфайз ба осонӣ нарасидаем.  Аз аввали оғоз гардидани сохтмони НБО Роғун то ҳол монеаҳои зиёде буданд, ки садди роҳи бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим мешуданд. Душманони дохилию хориҷӣ аз аввали солҳои истиқлолият намехостанд, ки НБО Роғун сохта шавад. Хусусан ТТЭ ҲНИ тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон бо воситаи роҳандозӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ, содир намудани амалҳои ҷиноятӣ ва террористӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба идома ёфтани сохтмони ин неругоҳ монеъ шуда буданд. Имрўз ҳам фаъолони наҳзатӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда дар хориҷа пинҳон шудаанд, бо роҳи дар расонаҳои хабарии ифротиашон нашру паҳн сохтани ҳар гуна матлабҳои иғвоангезона ва душманона мекўшанд, то дастовардҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро (хусусан сохтмони иншоотҳои саноатию энергетикии монанди НБО Роғун) нодида бигиранд ва бар зидди манфиатҳои миллӣ муборизаи ноҷавонмардона баранд. Мақолаю гузоришҳои дар сомонаҳои ифротии payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, ozodandishon.org бар зидди давлату миллати мо нашр кардаи наҳзатиҳо исботи ин гуфтаҳост.

Хушбахтона тамоми кўшишҳои душманона, туҳматҳо, иғвоангезиҳо  ва ноҷавонмардиҳои ин тудаи бадхоҳ натавонистанд, ки ба раванди пешрафту тараққиёти кишварамон монеъ шаванд. Мо тавонистем, ки НБО Роғун – рамзи ваҳдату шуҷоатмандию саодати мардумро бунёд кунем.

Бунёд ёфтани НБО Роғун ба мардуми тоҷик хурсандию нишот меораду зиндагии моро мунаввар месозад. Аммо он зарбаи ҷонкоҳест ба табоҳкорону бадтинатони наҳзатӣ ва атрофиёни онҳо, ки ҳамчун неруи аҳриманӣ ҳамеша дар бадии мардум мебошанд. Имрўз наҳзатиҳо ва косалесони онҳо - масъулони расонаҳои хабарии дар боло зикршуда аз хурсандии Тоҷикистон ба даҳшат афтодаанду гирифтори ғаманд. Аз ин дастоварди беназири кишварамон ба тарс афтодаанду мотамзадаанд.

Дар охир ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ифтитоҳи НБО Роғунро табрик мегўем ва ба наҳзатиҳои ғарибу ҳақир ва ҳаммаслакони палидашон таъзия изҳор медорем!

Парвизи Мирзо

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...