(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шабаҳе болои сари Кабирии террорист, думравакону лаганбардорони қаламбадасташ - Темури Варқӣ, Кӯри Юнус, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва асолатбохтаи дигар ва инчунин хоҷагони хориҷиаш наздик шудан дорад. Шабаҳи мусибат. Мусибате, ки барои эшон бо фоҷиа баробар аст.

Аслан, ҳар як пешравӣ, дастовард, муваффақияте, ки насиби мардуму миллату давлати Тоҷикистон мегардад, барои онҳо мусибат аст, мотам аст. Аз қаҳру ғазаб даруни хешро мехӯранду аламашонро аз қалам мегиранду аз саҳифаҳои иҷтимои дар “Фейсбук”, “Твиттер”, “Ютуб” ва ғайра. Чунон чирк аз зери нохун меҷӯянд, ки худ дар он ғарқ мегарданд ва чун пайдо накарданд, пайи афсонабофӣ меафтанд. Барои таскини қалбашон мебофанду менависанду мехонанд.

Чӣ кунем? Муқтазои табиати ин бечорагони дарбадар ҳамин аст. Ҳамеша дар хурсандии миллат мотам гирифтан. Тобу тавони дидани чеҳраи хандони тоҷикро надоранд.

Зеро луқмаи нонашон аз интиқоди Тоҷикистон аст. Дастури хоҷаҳояшонро доранд, ки ба ҳеҷ минвол бояд дар хурсандии миллати худ шарик нашаванд.  Онҳо бояд тоҷикро танҳо ва танҳо бо хоку хун олуда бинанд. Тоҷики орому осуда, бо давлати мустақилу озод барояшон лозим нест. Барои ҳамин ҳам “Паймони зиддимиллӣ” сохтаанд. То ҳар қадар, ки тавонанд дар чархаи рушду тавсиаи Тоҷики куҳанбунёд ва Тоҷикистони навину дунявӣ чӯб гузоранд.Вале ҳар дафъа чӯбашон мешиканаду тарошаҳои он чунон дар фарқи сарашон мезанад, ки моҳҳо ба худ намеоянд. На худу на хоҷагони ғаразҷӯяшон.

Имрўз дар Тоҷикистон чархаи нав ба гардиш медарояд. Чархае, ки барои ҳар як сокини Тоҷикистон ҷашну хушнудӣ меорад. Ҷашни пур аз нуру сафо. Чархае, ки бо як расидани сари ангушти мардонаи Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кори НБО Роғунро ҳусни оғоз мебахшаду аз нури он чеҳраи ҳар як сокини Тоҷикистон мешукуфад, нурборон мегардад, камбуди барқ дар саҳфаҳои гузаштаи таърихи миллат боқӣ мемонад ва мо роҳ мегирем ҷониби фардои дурахшон.

Вале ин ҷашну хурсандӣ боз барои ҷамъе кӯрдилу ҳасуду худбохтаю хоиноне чун кабириҳо, варқиҳо, салимпурҳо, кӯру каҷалаҳои наҳзатӣ ва хоҷагонашон яқинан мотам хоҳад овард. Ин нур дили сиёҳи онҳоро ториктар хоҳад кард. Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаашонро хиратар хоҳад сохт. Ва шояд ин қалбҳои сиёҳу залилгашта, қуввати бардошти ин рӯзи хушбахтии миллат, ин нури зиё, ҷонбахшу ҷонфизоро накарда бо фоҷеаи охирини умри худ рӯ ба рӯ шаванд. Рӯзи бадтарини ин бадбахтону кӯрдилон мешавад.

Танҳо аз ин боке нест, онҳо муҷиби он қадар фоҷеаҳо барои миллати худ гаштаанд, ки бояд худ дар оташи андӯхтаашон бисӯзанд. Ва ҳатман месӯзанд аз нури Роғун.


Ёралии Набӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...