(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мардуми Тоҷикистон бесаброна воқеаи муҳими аср – ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Хурду бузург ба ин рӯзи бобаракат расиданро солиёни зиёд орзу мекарданд. Дар ин ҷашни фархундаи халқи тоҷик фардо меҳмонони олиқадр аз гӯшаву канори олам гирд омада, шодию сурури моро бо ҳам қисмат мекунанд. Коргару деҳқон ва зиёиёни тоҷик  аз таҷрибаи рӯзгор ба хубӣ дарк намудаанд, ки воқеан ҳам неруи барқ дар кишвари обшори мо қувваи асосиест барои пойдорӣ ва зистан.

Роғун дар минтақа барои инкишофи истеҳсоли қувваи барқ дар замони муосир марҳилаи навтарин аст. Ин сохтмони мураккаб ва  мушкилписанди техникӣ гувоҳи камолоти бунёдгарони НБО-и мост.

Дар бораи моҳият, аҳамият ва зарурати НБО-и Роғун дар ҷумҳурӣ ва минтақа чӣ қадаре ки гӯему нависем, китобҳо пур мешаванд, вале ҳамаи онро дар рӯи сафҳа овардан ғайриимкон аст. Ҳоло ҳар як сокини кишвари офтобии мо ба гузашта назар андохта, метавонад бо ифтихор бигӯяд, ки халқи тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо мададу дастгирӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат диёри худро ба ҷумҳурии мутараққии муосир табдил дод. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки ин рӯйдоди муҳим хори чашми душманонамон хоҳад буд. Душмани бегона на, балки душмане, ки барои дидани комёбиҳову пешравиҳои ватани азизамон кӯр гашта, дар шаҳрҳои бегона камин гирифта, ҷонибамон ҳар замон сангпартоӣ мекунад. Ба хоҷагони аҷнабӣ хизмат карда, мардуми шарифи Тоҷикистонро аз минбарҳо сиёҳ мекунад, то зиндагиашро пеш барад. Тӯдаи мунофиқине, ки дар атрофи ӯ ҷамъ гардида, таги табақи ӯро мелесанд, хиёнатро пеша намуда, дар ҳаққи мардуми заҳматкаши тоҷик бадгӯиҳоро раво мебинанд.

Аз таҷрибаҳои солҳои охир мавқеи душманонаи Муҳиддин Кабирӣ- роҳбари фирории ҳизби мамнӯи наҳзат нисбат ба Тоҷикистони азизро хуб мешиносам. Нафаре, ки барои ободии Тоҷикистон сангеро болои санг нагузоштааст, ҳаққи муҳокимаи ин ҷои муқаддасро надорад.

Фардо, вақте ки Тоҷикистони офтобӣ бо нури Роғун дучанд мунаввар гардид, Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъе аз косалесонаш ин ҷашнро чӣ гуна арзёбӣ мекарда бошад? Бо гиряву оҳ? Бо либоси мотам? Ё бо заҳрхандаи хоси худ? Ин дигар барои мо аҳамияте надорад.

Нури Роғун зулмоти таърихро аз байн мебарад. Зулмотеро, ки Кабириву ёронаш замоне ба сари мардуми заҳматкаши тоҷик оварда буданд. Онҳо мехостанд ин кишвари биҳиштосоро аз нур маҳрум созанд. Мисли Эрон - кишваре, ки сарпарастиашон мекард, мехостанд занону модарони моро зери пардаи зулмот бикашанд, аз рӯшноӣ маҳрумашон созанд. Хиёнаткоронро парварида, мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба вартаи ҷанг бикашанд. Вале, хушбахтона тирашон хок хурд. Қувваи некӣ бар бадӣ ғолиб омад. Нақшаҳои аҳриманонаи Кабириву ёронаш барбод рафт.

Инак, фаро расид лаҳзаи нур, ободӣ, пирӯзӣ. Фардо дар кишвари мо тӯй барпо мешавад. Ин оғози пирӯзиҳост!

Зиёвиддини Авлиёпур

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...