(0 овоз, миёна 0 аз 5)

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳфаи наве зам мегардад. Саҳфаи пур аз ифтихор, саҳфаи ҷашну шодӣ. Саҳфаи ба маънии томаш Нурбахшу Нурбор.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Аввалин шуълаҳои ҷонбахшаш  рӯзгори мардуми кишварро боз равшантар месозанд. Алорағми ҳама душманиҳо, монеасозиҳо, нобовариҳо ва шаку шубҳаҳо.

Дилҳо аз шодӣ ба ваҷд омадаву табассум дар лабҳои фарзандони миллат гул мекунад. Чун беҳтар гуфта наметавонам, мехоҳам чакидаҳои яке аз ҷавоншоирони миллат Беҳрузи Забеҳуллоро бо тағйири як мисраи он (албатта, аз шоир маъзарат мепурсам) рӯйи коғаз орам, ки дар ҳақиқат:

Имрӯз рӯзи нур аст,

Рӯзи пур аз сурур аст,

Чашми ҳасуд кӯр аст,

Аз нури поки Роғун!

Манзур аз «ҳасуд» гуфтан миллат, қавми дигаре нест. Он душмани хона ва кӯрдили худист, ки камар дар хизмати дигарон бастаю дар рӯзи сахти миллат шодӣ мекунаду дар хурсандиаш мотам мегирад. Оғози кори Роғун амалан барои ин идда мотам аст. Хусусан барои Кабирию ёрони фурӯхташудааш. Зеро бардошти ҷашну тӯйи тоҷикро на онҳо доранду на хоҷагони мазҳабиашон. Нури Роғун чашми аввалиҳоро хираю дили дуввумиҳоро тира месозад. Ва чун мори афъӣ аз қаҳр дар худ мепечанд, заҳри дар муқобили Тоҷикистон кора накардаашонро ҷониби ҳам мепошанд. Хадамоти махсуси Эрон аз қаҳр тавқи бар гардани Муҳиддин Кабирӣ бастаашонро тангтару  тангтар мекашанд. То роҳбари шармандаю фирории наҳзати  террористӣ бештару бештар нафасгир гардаду дар талвосаи ҷуброн намудани маблағҳои хӯрдаи охундӣ  даст ба кори дигаре алайҳи миллату ватани худ занад.

Зеро ташкилоти навсохтааш бо номи «Паймони зидимиллӣ» барояшон чизе надод.  (Барои худи Кабирӣ фоида овард: якум боз аз хазинаи охундии «Аҳли байт» маблағи муайян дарёфт кард. Ҳамзамон,  онҳоро гӯл зада  аз вожаи «исломӣ», вожае ки арзи вуҷудаш дар ҲНИ ақлу ҳуши ин охундонро рабуда буд, барои ҳамешагӣ халос шуд).

Вале фиреби «паймон»-созиаш кора накард. Ҳатто аврупоиҳо ҳам фаҳмиданд, ки дар асл ин «паймон» байни худи наҳзатиҳост. Наҳзатиҳое, ки ба хотири зиёд нишон додани худ, бо тавсия ва маблағгузории хоҷагони охундашон чанд созмонро ба қайд гирифтаанд. Кистанд аъзоёни ин гурӯҳҳо?

Созмони ба ном «Озодандешон», ки ҳамагӣ панҷ нафар аъзои худфурӯше мисли рӯзноманигори беасл Темур Кличев (Қарқӣ), Равшани Темуриён (лӯттие аз Истаравшан), Кӯри Саидюнус, Алим Шерзамонови бангӣ ва кадом як Боиров; ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» иборат аз чор нафар: Шарофиддин Гадоев, Мавҷуда Соҳибназарова ва ду нафари дигар; ба истилоҳ «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна», ки аз ҷониби собиқ раиси бахши наҳзати террористӣ дар вилояти Суғд И. Ёқубов ба қайд гирифта шудаасту ҳоло аъзо надорад, ба ҷуз чанд хешу табори худи ӯ.

Ҳамаи инҳо барои Кабирӣ як лоиҳа - ҳиллаи навбатианд то «бизнес»-и хонаводагиашро аз ҳисобашон як муддате пеш барад. Фардо онҳо барояш барраи қурбонианд, чун ҳамҳизбони собиқаш, ки гушаю ташна дар маҳбасхонаҳо «истироҳат» доранд.

Барои ҳамаи ин тоифа фардо рӯзи мотам аст. Шояд ҷамъе аз онҳо хурсандии диёри бобогиашонро натавонанд таҳаммул кунанд ва аз ғояти ҳасаду нотавонбинӣ заҳракаф шуда, ин дунёро падруд гӯянд. Ин хел шавад боз барояшон беҳтар хоҳад буд. Чунки он сӯзише, ки аз оташи ҷаҳаннам эҳсос мекунанд, пеши нури дурахшони «Роғун» ҳеҷ аст.

Агар қисмеро аз онҳо ақл бар ҷаҳлашон ғолиб ояду боре сарнавишти ҳамҳизбони собиқи Кабириро ба хотир оранд, аз ӯ дур хоҳанд шуд. Агар не, тақдирашон маълум аст. Шахсан дили ман барои онҳо намесӯзад. Зеро «хас каму ҷаҳон пок» гуфтаанд.


Исломиддини Азим,

аспиранти Академияи илмҳо

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...