(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар зиндонҳо ошӯб бардоштани зиндониён амали нав набуда,  ҳамеша эҳтимоли сар задани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин амалҳо ҳангомаю валвала ва овозаю дарвоза сохтан дар доираи одобу ахлоқи инсони солимфикр намеѓунҷад. Зеро барои ҳар як инсони соҳибандеша ва солимфикр маълум аст, ки агар ин қабил одамон ба роҳи рост рафта, зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро аз рӯйи рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ ба роҳ мемонданд, ҳеҷ гоҳ аз озодӣ маҳрум намегардиданд ва ба зиндон кашида намешуданд . Мусаллам аст, ки равонаи зиндон шудани одам акси амалҳо ва кирдорҳоиношоистаи худи ӯ буда, барои пешгирӣ аз нақшаҳои вайронкунанда ва ҷиноятҳои ояндааш бо муҳлате аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Чунки табиати инсонӣ мисли дигар равандҳои табиӣ бебозгашт буда, агар инсон ба амали ношоистае даст зад, хоҳу нохоҳ боз ҳамин гуна кирдорҳои аблаҳонаро такрор менамояд. Мисол, роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки ташкилкунандагони асосии нооромию бедодгариҳо ва дар умум, ҷанги бародаркӯш буданд, пас аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам, натавонистанд, аз ваҳшониёт ва хиёнатҳои хеш даст бикашанд. Дар манотиқи мухталифи кишвар ин амалҳои ношоистаю ноҷавонмардонаи хешро ҳамеша идома дода, фазои сулҳу суботи кишварро халалдор месохтанд.

Гар сухан сари ошӯби зинёдониён дар зиндон равад, ҳанӯз соли 2010 намояндагону ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ, ки барои ҷиноятҳои басо вазнини хеш адои ҷазо мекарданд, ошӯб бардошта,  чандин афсару сарбозро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва чанд нафари дигарро захмӣ карданд. Ошӯби зиёндониёни шаҳри Хуҷанд идомаи чунин амалҳои зишту паст буда, аз он ҳангомаю овоза сохтан, разилонаю пасттар аз худи он мебошад. Азбаски намояндагону пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша дар ҷиноятҳо даст доранду ҷонибдори ҷангу низоъ мебошанд, дар ҳар маврид аз ин гуна ҳаводиси одӣ овозаю ҳангома месозанд.

Ҳатто кӯдак ҳам медонад, ки инсон барои амали зиште, ҷинояте ё ягон рафтору кирдори пастфитратонае ба маҳбас гирифта мешавад ва пас аз равонаи зиндон гардидан, боз дар фикри анҷом додани ҷинояти дигар мешавад. Зеро дар замони муосир ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ буда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ягон нафар онҳоро паймол карда наметавонад. Ин худи инсонҳои ҷинояткоранд, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба хотири анҷом додани ҷиноят ва кирдори ношоиста суиистифода мекунанд. Зиндониён  афроди ҷинояткор буда, аз чунин тоифа дар канор нестанд ва дар масъалае, ки онҳо индониҳо силоҳи нозирони маҳбасро гирифта, ба онҳо ҳуҷум кардаанд, ҳеҷ ҷойи муболиѓа нест. Зиндониён, ки то ба ин ҷо омадан, ҷиноятҳои гуногун ва амалҳои ваҳшатангезеро анҷом додаанд, дар дӯздидан ё рабудани силоҳи нозирони маҳбас таҷриба доранд. Фаромуш набояд кард, ки ин ҷинояткорон дар рафти ошӯб ду  нафар нозиронро кушта ва шаш тани дигарро  захмӣ кардаанд.

Наҳзатиҳои террористу экстремист, ки ҳамеша ҷонибдори чунин воқеаҳо ва таблиѓгари ҳамин гуна ҳодисаҳо мебошанд, аз «пашша фил месозанд». Онҳо, ки дар гуфтани дурӯѓ, бар дӯши дигарон бор кардани туҳмат ва ташкил намудани ҷиноятҳо устухон надоранд, ба вуқуъ пайвастани чунин ҳолатҳоро ба манфиати худ маънидод мекунанд. Ба вуқуъ пайвастани чунин ҳолатҳо ва ташкил шудани ин гуна ҷиноятҳо ба манфати гурӯҳи наҳзатӣ буда,  бар зарари давлату миллат мебошад.

Бузургони илму адаби тоҷик беҳуда нагуфтаанд, ки «неши ақраб на аз пайи кин аст…» ва «морро ҳар чанд беҳтар парварӣ…» табиати аксар ҷинояткорон чунин аст, ки онҳо муносибати хубро намефаҳманд. Аз рӯ наметавон ба онҳо ба усули дигар муносибат кард, зеро  аллакай аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ тамоман берун рафтаанд. Агар аз доираи рафтору кирдор ва одобу ахлоқи инсонӣ берун намемонданд, ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои пасту разилона даст намезаданд ва равонаи зиндон намешуданд.

Зиндон ба ҳар ҳол зиндон асту ҷои истироҳат нест ва ин ба ҳама маълум аст. Зиндон мушкилиҳои худро дорад. Аммо нафари ҷинояткору ҷиноятпешае чун М.Садриддин аз он ҳангомаҳо месозад, ки мақсадаш танҳо ва танҳо ба ѓайр аз бадном кардани нозирони зиндон кори дигаре нест. Чунки ӯ ҳам аз тоифа ё гурӯҳи одамони хиёнаткору ҷиноятпеша буда, чашмони чун ҷуѓзаш танҳо вайронаю хароба ва ҷангу низоъро мебинанд. Аз ин гуна девсиратони одамсурат, чун М.Садриддин танҳо ҳамин гуна навишт ва муносибат интизор шудан метавон, на аз ин зиёд.

Ин нафари нохудогоҳ даъво дорад, ки «чаро ҳамеша гурӯҳи зудамале, ки алайҳи ошӯбгарон ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон амалиёт мегузаронад, танҳо чораро дар қатлу куштори беамон мебинад?». Чунин саволгузорӣ худ аблаҳонаю аҳмақона буда, ҳеҷ як инсон бо камтарин саводу дониш чунин саволи бемантиқ намедиҳад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ошӯбгарон ва ҷинояткорони дар меҳани мо ба амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатбор даст зада, зимни  амалҳои хеш аз бадтарин ва хунхортарин ҳайвон ҳам мегузаронанд. Ҳатто, ҳайвонҳо дар рафти ҷанг ба ҳам раҳм мекунанду ин гуна ҷинояткорони мисли М.Садриддин не. Пас, зимни амалиёт нисбат ба ин гуна афроди ҷинояткор дигар чи гуна метавон мубориза бурд.

 

Нодири Қодир,

таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...