08 Ноябр 2018
Дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 60 солагии фаъолияти эҷодиёт ва 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ифтихории Арбоби ҳунари Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод маҳфили бошукуҳ баргузор гардид.
Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ироаи номаи табрикотии худ аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши муҳим дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эҷод намудаи ин қабил бузургон барои рушду нумўи давлатҳо мусоидат кардааст.
Таъкид шуд, ки тоҷикон низ бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Бисёр хушнуд аз онем, ки имрўз устод Муҳиддин Хоҷазод дар қатори бузургони миллат бо унвонҳои, муҳимтар аз ҳама ҳамасру ҳамнафаси мо ҳастанд. Устод Муҳиддин Хоҷазод бо азму иродаи қавии эҷодӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби беҳтарин анъанаҳои насрнависӣ ва сохтмонҳои бузурги аср – Нерўгоҳҳои обии барқии «Норак», «Сангтўда» ва «Роғун», баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардум, тарбияву камолоти насли ояндасоз нақши бориз ва арзанда гузоштаанд.Асарҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди устод Муҳиддин Хоҷазод ҷанбаъҳои муҳими созандагӣ ва бунёдкории фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи меҳнатӣ ва дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолиятро тараннум намуда, онҳо дар дили ҳазорҳо нафар хонандагони ашъори нотакрорашон маъво гирифтаанд.
Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули эҷодиву ҷамъиятии ба Муҳиддин Хоҷазод унвони «Шаҳрванди фахрии Хуҷанд» тақдим карда шуд.
Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Муҳиддин Хоҷазод расонд.
Ҳамчунин раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва гуруҳе адибон устод Муҳиддин Хоҷазодро бо 60 солагии фаъолияти эҷодиёт ва 80 солагии рузи милод таҳният гуфтанд.
Ровии хушбаён Аслам Каримов ва аҳли ҳунари шаҳри Хуҷанд ба маҳфил шукуҳи дигар зам намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд