(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки аз руи таҳлилҳо солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка, вазифадор карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи солҳои 2016-2017 қисми зиёди лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 ба нақша гирифташуда аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст. Тибқи маълумот дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар баробари дастовардҳо дар бахшҳои алоҳида камбудиҳо низ ба назар мерасанд ва Сарвари давлат барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд.

Вазифаҳои дигар ҳамчунин вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, кишту кори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа, дода шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд.

Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот, дода шуд.

Дар асоси нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо боиси фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо мегарданд.

Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат таъмин созанд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз ҷумла пешрафти соҳаи сайёҳӣ, таъмин намудани амният, суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар қаламрави вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сохторҳои марбутаро барои пешрафти кор дар ин самтҳо ва ислоҳи камбудиҳо, волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, вазифадор карданд.

Супоришҳо ҳамчунин доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сухт дар давраи зимистонгузаронӣ, дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми нуҳ моҳи соли 2018, рафти татбиқи супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

Дар охири кори машварат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат баҳри пешбурди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...