(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.

Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.

Дар ин корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад ва ба таъкиди мутахассисон дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва коргарону мутахассисони корхона дастур доданд, ки вақти тавлиди маҳсулот пеш аз ҳама ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд. Бо таваҷҷуҳ ба рушди корхона, сармоягузорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар самти ворид намудани хатҳои технологии нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар оянда низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 12 субъект фаъолият мекунад.

Аз оғози фаъолияти минтақа беш аз 70 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...