(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд.

Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 - ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли дарахтони зардолу шинонида шуд.

Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ карда шуд.

Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад.

Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Рӯзҳои охир боғдорон даҳ тонна анорро ҷамъоварӣ ва дар сардхона захира кардаанд. 20 тонна ангури навъи “тоифӣ” низ захира шуда, ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар масоҳати 0,35 гектар се кули навро ба истифода доданд. Дар он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шуд.

Табиати Тоҷикистон барои кишти дилхоҳ зироат ва парвариши ҳайвоноту паррандаҳои гуногун дар ҳама фаслҳои сол мувофиқ аст.

Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.

Моҳипарварӣ низ дар кишвар яке аз соҳаҳои манфиатовар ва камхарҷ ба шумор рафта, моҳипарварон аз ҳисоби даромади он сатҳи зиндагии худ ва шароити хоҷагиҳоро беҳтар менамоянд.

Баъди сар додани моҳиҳо ва шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...