(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.

Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳайкалтарош Рустам Маҷидов буда, мақсад аз гузоштани он арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахти шоҳбулут шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замин доман паҳн карда, яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ҳангоми навсозии ин иншоот бештар аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Хабар дода шуд, ки барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузоштани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Бӯстон даромадгоҳҳо ё дарвозаҳои асосии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст. Дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад нишасткурсиҳо, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд.

Сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ гӯшаи китобхона ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон бунёд шуд. Дар ин мавзеъи истироҳатӣ кӯдакону наврасон ҳамчунин метавонанд дар баробари гузаронидани фароғати хуб ба омӯзиш низ ҷалб гарданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...