(0 овоз, миёна 0 аз 5)

15-уми октбяр дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд.

Ҷанге, ки панҷ сол давом карда, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи ҳизби наҳзат розигӣ доданд. Аммо наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ – зӯроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ҳамин имрӯз зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст. Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Конфронс чунин гуфт: «Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».

Дар хотимаи суханронии худ раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихроҷи аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат аз ҳудуди Ҷумҳурии Туркия ба мақомоти марбутаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки хатари ҳизби наҳзат аз созмонҳои террористии «ДОИШ» ва «Ал-Қойида» кам нест.

Дар идомаи Конфронс муовини муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси анҷумани тоҷикон дар Туркия ба сухан баромада, вобаста ба хатари наҳзат дар ҷомеаи имрӯза изҳор назар намуданд.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳулоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест. Ҳамсуҳбат тазаккур дод, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои душманони наҳзат ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамояд, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монда, дар сурати пайдо шудани тарафдорони наҳзат онҳоро аз тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд.

Дар рафти Конфронс муҳокима ва саволу ҷавоб миёни донишҷӯён, рӯзноманигорон ва маърӯзачиён сурат гирифт.

Дар Конфронси байналмилалӣ дар баробари донишҷӯёни тоҷик донишҷӯёни турк, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, афғон ва намояндагони дигар миллатҳо, ки дар куҳантарин ва маъруфтарин мактаби олии Туркия – Донишгоҳи Истанбул таҳсил менамоянд, ширкат варзида, амали созмонҳои террористӣ, ба монанди наҳзатро маҳкум намуданд.

Акрам САНГЗОДА


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...