(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вақтҳои охир аз васеъ гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ истифода бурда, одамони алоҳида ва гурўҳҳои ба ватану миллат душман, ки ба ТТЭ ҲНИ мансубият доранд, ҳар гуна хабару «таҳлилҳои» ғаразнок ва иғвоангезонаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Рўзҳои охир дар яке аз сомонаҳои ифротӣ маводе зери унвони «Сабаби афзоиши беморони ВНМО дар Тоҷикистон» нашр гардид, ки мақсади он туҳмат задан ба Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар ин мақола муаллиф дар хусуси паҳншавии бемории ВНМО сухан гуфта, воҳима мекунад, ки гўё ин маризӣ дар кишвари мо босуръат афзоиш меёбад. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон имрўз шумораи муайяни одамони ба ин беморӣ гирифтор мавҷуданд. Вазъият дар Тоҷикистон вобаста ба ин беморӣ зери назорат гирифта шудааст ва Ҳукумат  бо дастгирии ҷомеа тамоми чораҳоро барои пешгирии он меандешад. Ягон асосе барои ҳангома бардоштан ва дар байни мардум иғво барангехтан нест.

Ҳодисаи қасдан сироят кунонидани шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи як зани гирифтори ВНМО ҳам ягона буда, хусусияти оммавӣ надорад. Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи муаллифи ин мақола воҳима бардоштан ҳам ғайр аз иғвоангезӣ амали дигаре буда наметавонад.

Аз ақидаи Муҳаммад Абдуллозода, ки худро «мутахассис оид ба муҳофизати маданият ва қадриятњои исломӣ» меҳисобад, бармеояд, ки ў дар асл ифротгарои мутаасиб мебошад. Вай вобаста ба масъалаи мазкур ақидаи ғалат, ғайримантиқӣ ва зиддимиллӣ баён кардааст. Муҳаммад Абдуллозода дар паҳншавии бемории мазкур беасос сиёсати Ҳукуматро айбдор месозад, ки гўё зидди терроризму экстремизм муборизаро афзоиш додаасту одамон гирифтори ВНМО шудаанд.

Ҳол он ки Ҳукумати Тоҷикистон на худкома, балки аз тарафи мардум интихобшуда аст ва кишварро бо роҳи демократия пеш мебарад. Мубориза бар зидди тероризму ифротгароӣ ин худкомагӣ нест.  Аз тарафи дигар гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои исломӣ ҳам кам нестанд. Ин мушкилоти ҷањонӣ буда, тамоми кишварњо дар ҳамоҳангӣ барои рафъи он мубориза мебаранд.

Муҳаммад Абдуллозода Ҳукуматро туҳмат карда, бешармона мегўяд, ки гўё дар Тоҷикистон фарҳанги бегонаи Ғарбӣ ва фасод тарғиб мешуда бошад. Вале ба ҳама маълум аст, ки Роҳбарияти кишвар бо дастгирии ҷомеа маҳз барои таблиғу тақвияти фарҳанги миллӣ ва одобу ахлоқи анъанавӣ солҳои охир корҳои зиёдеро анҷом додааст. Мутаасифона Абдуллозода ва ашхоси ба ў монанд ин кўшишҳои Ҳукумат ва давлати моро намебинанд.

Онҳо «маданият ва қадриятҳои исломӣ»  гуфта, дар асл  ҳамон ифротгароӣ ва таасуби мазҳабиро дар назар доранд. Ин тудаи душман ва хиёнаткор аз ҳар фурсате истифода бурда, кўшиш мекунанд, ки бар зидди давлату миллати Тоҷикистон амал кунанд. Аммо ба туҳмату буҳтон ва иғвогариҳои беасоси онҳо дигар касе бовар намекунад.

Диловари Хуршед.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...