(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раҷаббой Каримов бо Сюзан ЭллиоттРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиоттро ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳр зимни мулоқот арз дошт, ки беш аз 25 сол шаҳри Хуҷанд бо шаҳри Линколни штати Небраска бародаршаҳр мебошад ва тули ин солҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди дутарафа 30 нафар шаҳрванди фаъоли шаҳри Хуҷанд ба унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» шарафёб гашт. Ба ҷуз ҳамкориҳои фарҳангӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ба таври намоён рушд карда истодаанд. Ду корхонаи азими истеҳсолӣ «САТН» ва «Ҷавонӣ» бо саҳмгузории бевоситаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон фаъолият бурда истодааст. Ширкати «Барс» аз соли 1999 то инҷониб бо ширкати TFL ҳамкорӣ  мекунад.

Раиси шаҳр ҳамзамон қайд намуд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 87 корхонаи калону миёнаи саноатӣ, 600 корхонаи хурд дорад ва зиёда аз 8 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба мардум хизмат расонида истодааст.

Дар 47 мактаби гуногунравияи шаҳр ва 4 мактаби олӣ толибилмон забони англисиро ба таври мукаммал омӯхта истодаанд ва имрeзҳо,- афзуд Раҷаббой Каримов,- беш аз 250 нафар аз шаҳри Хуҷанд  дар мактабҳои олии  Амрико таҳсил намуда истодааст.

Бояд қайд кунам, ки дар айни ҳол 20 лоиҳаи инвеститсионӣ барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангию истеҳсолӣ таҳия гардида, нигарони дастгирии сармоягузорон мебошад.

Дар навбати худ хонум Сюзан Эллиотт  аз пазироии Раиси шаҳр изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки алҳол аз Маркази тиббии «Нурафзо» дидан кардаву қаноатманд гаштам, ки соҳибкорони амрикоӣ чунин марказро аввал дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд бунёд намудаанд. Потенсиали чунин сармоягузорӣ дар Тоҷикистон вусъат дорад. Лоиҳаи давлатии «Касса-1000», ки он бевосита ба вилояти Суғд алоқамандӣ дорад, вазъияти барқтақсимкуниро ба аҳолӣ ва корхонаҳо беҳтар мегардонад.

Ҳарду ҷониб дар ҳусни тафоҳум ба сӯҳбат анҷом бахшиданд ва барои якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...