(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем.

Ҳамсон ва наздик будани мавқеъи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии Япония аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон, қабули Изҳороти якҷоя оид ба дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва дигар омилҳо ба рушду густариши муносибатҳои кишварҳо саҳм гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония бо маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.

Таҷдиди роҳи мошингарди “Дӯстӣ-Панҷи Поён” ва “Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ” намунаи олии ҳамкории ду давлат буда, ҷавобгӯи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ва Муколамаи “Япония + Осиёи Марказӣ” барои таҳкими ҳамкорӣ махсус қайд гардид.

Таъкид шуд, ки аз руи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории техникӣ-гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи японӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ, табодули андеша карданд.

Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истеҳсоли неруи барқ ва дигар манбаъҳо, тарҳрезии барномаи муштараки дарозмуҳлат оид ба азхудкунии иқтидори азими гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ, интиқоли неруи тозаи барқ ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фармасевтика аз самтҳои ояндадори ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.

Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ ҳавасмандии ҳамкории доираҳои соҳибкории Япония барои ҷорӣ кардани тиҷорат дар Тоҷикистон маънидод гардид. Намунаи олии ин ҳамкорӣ фаъолияти пурсамари корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ аз он мебошад.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконоти фарохро муҳайё кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори фарҳангӣ - гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмии ду кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Япония ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амниятӣ аз саҳми назарраси ҷониби Япония барои таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос карда шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Нахуст зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ имзо карданд.

Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расид:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019-2021;

- Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);

- Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;

- Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти мабтуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳии олии дуҷонибаро натиҷагирӣ карданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...