(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кулли омӯзгорони Хуҷандшаҳрро ба муносибати рӯзи касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Мо дар сиёсати худ аз рўзҳои аввал ба масъалаи омўзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар давоми соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонидем”. alt Рўзи муаллим, ки ҳамасола дар кишвари мо якшанбеи аввали моҳи октябр гузаронида мешавад, ҳамчун рамзи қадршиносии омўзгор ва нишони эҳтироми ў дар ҷомеа мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва бахусус гиромидошти Рўзи омўзгор ҳамаи Шумо устодони азизу арҷманд, кормандони соҳаи маориф ва тамоми мардуми фарҳангдўсту маорифпарвари шаҳри Хуҷандро самимона табрику муборакбод менамоям.

Раиси шаҳр гуфт, ки имсол таҷлили Рўзи муаллим ба рўзҳое рост омад, ки тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рўҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз ватандорӣ 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд. Дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр аз ҷумла зикр намуданд, ки “Таъсис ёфтани намояндагии муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи дунё дар кишварамон ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд. Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ, бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ бисёр кўшиш намоянд, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дўст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷўи илму дониш саъю талош кунанд”. Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди соҳаи маориф, бунёди инфрасохтори он, дастгирии омӯзгорони эҷодкор ва хонандагони болаёқат моро водор месозад, ки дар ин самт фаъолиятро пурсамар намуда, барои афзун намудани дастоварди маорифчиёни шаҳри Хуҷанд аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ғамхории Давлату Ҳукумат доир ба ҳифзи иҷтимоии омўзгорон, амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон, мунтазам баланд бардошта шудани маоши омўзгорон ба беҳтаршавии таъмини мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омўзгорӣ ва ба ин восита ба беҳтаршавии сифати дониши хонандагон оварда расонид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад. Барои гиромидошти меҳнати содиқонаи муаллим, сазовор қадр намудани заҳматҳои ў, беҳтар намудани шароити таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини мактабҳо бо технологияи муосир, таъмиру сохтмон ва барқароркунии муассисаҳои таълимӣ аз Таъкид шуд, ки шароиту имкониятҳои худ ҳарчӣ бештар истифода мебарад. Вобаста ба ин ғамхориҳо устодону омўзгорони мактабҳои шаҳр низ вазифаи муқаддаси хешро шарафмандона ба иҷро мерасонанд, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши хонандагон саҳми худро гузошта меоянд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар ҳама давру замон муаллимон машъалафрўзи илму дониш буда, шогирдони худро дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию ватанпарварӣ тарбия менамоянд. Камолоти маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии ҳар як фард ба таълиму тарбия вобастагии қавӣ дорад. Рўзгори инсон ва ҳаёти ҷомеа ба василаи таълим ва дониш пешрафт ва тараққӣ хоҳад кард. Дар сурате зиндагии инсон рўз аз рўз беҳтар хоҳад шуд, ки дониш омўзад, таълим гирад ва дониши худро такмил диҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд 2509 нафар омўзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомўзанд, ки аз ин миқдор 270 нафарашон дорандагони унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, 620 нафар мутахассисони ҷавон фаъолият мебаранд. ¬ 12 нафар омўзгорони шаҳрамон барои фаъолияти ибратомўзашон ба гирифтани унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва нишону медалҳо сарфароз гардидаанд. Боиси сарфарозии аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд аст, ки соли равон директори литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Моҳира Азимова сазовори медали “Хизмати шоиста” гардида, ба ин унвони баланд аз тарафи Пешвои муаззами миллат қадрдонӣ карда шуд. Мо ба ин дастовард муаллимаи арҷмандро табрику таҳният гуфта, дар корҳои ояндаашон дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо таманно менамоем. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорон, дарёфт ва муаррифӣ намудани омўзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ, қадрдонии меҳнати омўзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа, озмуни шаҳрии «Омўзгори соли Тоҷикистон» ва “Мураббияи соли Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он Парвиз Олимов омўзгори фанни забони англисии мактаби хусусии «Гулчини маърифат» ва мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №27 Биҳанифа Валиева ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд ва барои иштирок ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Мо ба онҳо дар давраҳои минбаъдаи озмун барору комёбиҳо таманно менамоем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ин рўзи барои ҳар як муаллим хотирмону хурсандибахш бо эҳтиром номи як қатор омўзгорон ва мураббияҳои эҷодкору заҳматқарини шаҳр, амсоли Зебо Аминова, Мавлуда Ғаниева, Зайнура Шокирова, Ҳусейн Очилов, Наима Раҳматова, Ҳикматулло Саидзода, Нигора Ҷураева, Таҳмина Абдуалиева, Моҳира Мансуроваро ба забон оварда, таъкид дошт, ки эшон на танҳо дар миқёси шаҳру вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфу машҳур гардидаанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки фаъолияташонро ба талаботи замони имрўзаи рушди илму техника мутобиқ гардонанд ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдўст аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоянд. Ба насли навраси имрўза бояд омўзгорон ва аҳли ҷомеа ҳамеша як масъалаи муҳимро хотирнишон созанд, ки ваҳдату ягонагӣ, донишу баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дўст доштани сарзамини муқаддасамон - Тоҷикистони биҳиштосо омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёр ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори хуррами наслҳои имрўзу оянда замина фароҳам меоваранд. Зеро Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар шаъни омўзгорон чунин фармудаанд: «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Сипас, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин раоснд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муассири машъалафрӯзони роҳи фардои миллат – омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор додаанд: «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад». Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зина ба зина ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри пешбурди кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ғамхорӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонии онҳо тарбиятгарони насли ояндасозро барои натиҷаҳои фаъолият рӯҳбаланд мегардонад.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба пешсафони соҳа нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи рангин бо иштироки хонандагони макотиби шаҳр ва устодони санъати вилоят табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...