05 Декабр 2013
Бо иҷозати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади паст намудани сатҳи хавфи офатҳои табии шаҳри Хуҷанд, аз тарафи ташкилоти «Фокус» дар самти баҳодиҳӣ ба таҳдиди хатари офатҳо харита, ҳисобот ва ахбороти электронӣ омода гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳайати гурӯҳи кории ин лоиҳа вохурӣ доир намуд. Дар он директори ташкилоти «Фокус» дар Тоҷикистон Нашир Кармалӣ мутахассисони ин ташкилот ва ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.
Минбаъд дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ иборат аз 10 нафар тамоми минтақаҳои хавфноки аҳолинишини шаҳрро санҷида, дар асоси нақшаи кории ташкилоти «Фокус», гуруҳи посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода мешавад. Директори ташкилоти «Фокус» дар Тоҷикистон Нашир Кармалӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, сардори мудофиаи гражданӣ Раҷаббой Каримов ҳисобот нақша ва харитаи минтақаҳои хавфноки шаҳри Хуҷандро супорид.