05 Декабр 2013
Бо мақсади шиносоии бо вазъи бозор, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мардум, нарху наво маҳсулот тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба мавзеи Панҷшанбе омад. Раиси шаҳр ба намуди зоҳирӣ, тозагии онҳо, ҷойгиршавии мағозаҳо дар ҷойи муқарраршуда, риоя намудани қоидаҳои зиддисухтор,истифодаи қувваи барқ, сифати маҳсулоти пешниҳодмешуда, маърифати хизматрасонӣ эътибори ҷиддӣ дода, бобати бартараф намудани як қатор камубидиҳо аз қабили ишғоли ҳудуди зиёд аз ҷониби фурушандаҳо, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани хатти барқ, ба низом даровардани истгоҳи нақлиётӣ, аз роҳи мошингард ва пиёдагард гирифтани фурӯшгоҳҳо, супоришҳои мушаххас дод.
Аз рохбарони бозорҳо талаб карда шуд,ки нисбати фуруши маводи тарканда воситаҳои ба талаботи бехатарии сухтор ҷавобгӯ набуда, чораҳои қатъӣ андешанд. Имруз Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми роҳбарони сатҳи гуногун талаб доранд,то ҳар кадоми мо дар вазифаи худ ҳисси масъулиятро баланд бардошта, барои беҳдошти зиндагии мардум тамоми донишу малака ва таҷрибаи худро истифода барем. Рохбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсан иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ нисбати марифати шаҳрдорӣ,ки қисми таркибии он бозор аст, таваҷҷӯҳи хоса доранд» иброз дошт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов.
Роҳбарони бозорҳои дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгир буда, ҷавобан ба ин ғамхориҳои сарвари давлат вада доданд,ки дар арафаи соли нав тамоми кудакони бепарастор ятим ва имконияташон маҳдудро аёдат намуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим хоҳанд кард ва кушиш менамоянд нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро то 20% арзон намоянд. Имруз аллакай чанд намуди маҳсулот аз қабили равғани растанӣ то 4-6 сомонӣ сабзӣ то 20-30 дирам арзон шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд ин иқдоми фурушандаҳоро дстгирӣ намуда, тавсия дод,ки минбаъд низ ин равандро идома додан лозим аст. Ба нозирони минтақавӣ кормандони БДА-и шуъбаи корҳои дохилӣ доири ба низом даровардани дастуру тавсияҳо дода шуд.
Ба масъулин супориш дода шуд,дар тули як ҳафта бояд тамоми камбудиҳо аз ҷониби шахсони масъул бартараф карда шуда, аз натиҷааш ахборот интишор намоянд.