19 Сентябр 2018
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаи неку созанда мусоидат кардаанд.
Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 27 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву ҳодисабозиҳои ихтилофи рўзноманигорон барои дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.
Нерўъҳои созандаи кишвар мехоҳанд халқу миллатро боз ҳам ба ҷангу хунрезӣ бикашанд.
Мардуми ҳушманди мо бошад хуб медонанд, ки оқибати ҷангу хунрезии солҳои 90-ум Ватанро ба чӣ ҳолат оварда буд.
Дигар ҷои фиреб хўрдан, гумроҳ шудан нест.
Имрўз мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш барем, дигар фирефтаи ин гуна ҳодисаҳо нахоҳем шуд.
Ҳотам Фаттоев,
устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд