(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt12 сентябр дар маркази шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат мебошад.

Дар қисми ҳарбӣ инчунин тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду азнавсозӣ гардидааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёҳои барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи ватан пурра карда мешавад.

Бо бунёди иншооти нави таъиноти ҳарбӣ бошад, шароити иҷтимоии афсарону сарбозон беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёгардида баҳои баланд доданд.

Баъди шиносоӣ бо иншооти нав дар саҳни ҳавлии қисми ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ, махсусан, қисми ҳарбии 3503-ро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои навбунёди замонавӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат бо қаноатмандиву ифтихор иброз доштанд, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони Қушунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкилёбии ин навъи қушунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулодда саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқу шуҷоъ минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбии худро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сафарбар месозанд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки торафт густариш пайдо карда, аз мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷалб намуданд. Пешвои миллат дар назди роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар вазифа гузоштанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар руҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмуъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷуӣ намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошҳову ғамхориҳои роҳбарияти давлат барои беҳдошти шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани ҷузъу томҳои онҳо ва беҳсозии шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...