347
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
29 Ноябр 2013
Баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, саҳми сокинон баҳри тозаю обод нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, ҳамеша дар вохуриҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони кишвар зикр мегардад. Аз лиҳоз, бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 29 ноябр аксияи «Шаҳрамро тоза нигоҳ медорам» дар шаҳри Хуҷанд шуруъ шуд.
Аксияи мазкур то санаи 7 декабри соли равон идома ёфта, мақсад баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, экологӣ ва нигоҳдории тозагии муҳити зист мебошад. Дар доираи ин аксия ҳамаруза дар муассисаҳои талимии шаҳр дар ҷамъомадҳои пагоҳирузӣ омузгорон, кормандони соҳаи ҳимояи муҳити зист, идораи партовкашонӣ бо толибилмон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Шарҳ додан