(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву воҳидҳои сохторӣ ва идораҳои зертобеъи шаҳр ҷаласаи васеъи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ҳамин тавр, мутобиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 31 –уми августи соли равон Ғайрат Ишонқулов ба мансаби мудири бахши манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Дусматов аз 30 августи соли равон ба мансаби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъин гардиданд.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ ва вазифагузории кадрҳои тозатаъин, аз эшон даъват ба амал овард, ки баҳри содиқона хизмат намудан ба халқу миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саҳмгузорӣ ба ободонию созандагӣ дар шаҳр саъю талош варзанд.

Сипас, дар назди ҳозирин муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, муовинони Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, Ҷамшед Абдуқаюмзода ва Аюб Раҳматзода доир ба корҳои анҷомёфта ва иҷрои дастуру супоришҳои дар ҷаласаҳои қаблӣ зикргардида маълумоти муфассал ироа намуданд.

Зикр гардид, ки  дар самти саноатикунонии кишвар корхонаҳои истеҳсолии шаҳр пурмаҳсул фаъолияти худро ба роҳ монда, аз ҷониби онҳо ба маблағи 603,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 13,1 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор маҳсулот ба маблағи 111,9 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир карда шудааст, ки он нисбатан 35,8 фоиз ё 29,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҷиҳати ноил шудан ба ин нишондиҳанда таъсис дода шудани 8 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва ба 161 адад расидани теъдоди корхонаҳо мусоидат ва замина гузоштанд. Инчунин дар ин марҳила 15 адад корхонаҳое, ки қаблан аз фаъолият бозмонда буданд, дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд ба истеҳсолот оғоз намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 2376,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 1591 адад (бо назардошти фаъолияти соҳибкорӣ) ҷойи кории нав таъсис ёфта, музди миёнаи маоши кормандон ба 1306,22 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта, 70,98 сомонӣ афзуда, нафақаи миёна бошад, 341,3 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, иҷрои нақшаи буҷети умумӣ 102,2 фоиз таъмин гардид, ки он аз нақшаи пешбинишуда 4,7 млн. сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Бақияи қарзи андоз бошад, нисбат ба аввали сол 2,8 млн. сомонӣ ё 12,0 дар сад кам шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ то имрӯз 17,4 млн. доллари амрикоӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 4,8 дар сад ё 0,8 млн. доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.

Таъкид шуд, ки дар самти бунёдкорию созандагӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон ба 108,5 млн. сомонӣ ва фондҳои асосӣ 92,1 млн. сомонӣ расида, он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 33,0 дар сад ва 1,9 маротиба зиёд шудааст. Аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 108,9 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 22,8 млн. сомонӣ ё 26,6 дар сад афзоиш ёфтааст.

Дар майдонҳои ҳудуди шаҳр зиёда аз 4,8 ҳазор адад дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз, зиёда аз 710,0 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 62,4 ҳазор адад буттагули садбарг, 64,5 ҳазор адад карнайгул шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Илова бар ин, дар кӯчаҳои Раҳим Ҷалил, Султон Умаров ва дигар кӯчаҳои марказӣ 30 адад сипар (ситиформатҳои замонавӣ) насб карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 26,0 км роҳҳо асфалтпӯш карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд.

Ҷиҳати тақвияти соҳаи маориф низ чораҳои амалӣ андешида шуда, то имрӯз дар ҳамаи 48 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ корҳои таъмирӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба анҷом расонида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати иҷрои супоришҳои қабландодашуда аз масъулин пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда муҳлат дод.

Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузорӣ аз роҳбарон ва масъулини дахлдор  даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқллияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати равнақ бахшидани корҳо созандагию бунёдкорӣ фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо рӯҳияи созанда ҷиҳати татбиқи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона ҷоннок намуда, баҳри пурмаҳсулии соли эълонгардидаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  арзишманд мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...