(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ омӯзгорону табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон ва хизматчиёни давлативу ҳарбӣ буданд, ки дар соҳаҳои гуногун бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Президенти мамлакат аз саҳми шахсии ҳар як нафари соҳиби мукофоти давлатӣ гардида дар пешрафти кишвар дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми кишвар 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзанда истиқбол мегиранд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолони кишвар Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2, Ордени “Дӯстӣ”, Ордени “Шараф дараҷаи 2”, унвонҳоии фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Медали “Хизмати шоиста”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени “Спитамен” дараҷаи 2, Ордени “Шараф” дараҷаи 2, медали “Ҷасорат”, Медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, ба хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиа, амният, суд ва агентиҳо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, ба олимони ҷавон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018, тақдим карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар фаъолони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд. 1 нафар бо Ордени “Дӯстӣ”, 10 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2, 1 нафар бо Унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо Унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, 2 кас бо Унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 18 нафар бо Унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 64 нафар бо Медали “Хизмати шоиста”, 4 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

Барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 4 нафар соҳиби Ордени “Спитамен” дараҷаи 2, 5 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2, 12 нафар бо Медали “Ҷасорат”,10 кас бо Медали “Хизмати шоиста” ва 1 нафар бо Медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”,  19 нафар бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили Генерал -  полковники хизмати дохилӣ, генерал - майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дарачаи 2, генерал - лейтенанти адлия, генерал - лейтенанти милитсия, 2 нафар генерал - лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал - майори милитсия, генерал - майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал -  майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал - майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал - майор, шуданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, 3 нафар Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва 12 соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 гардиданд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои  бунёдкорона равона месозанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...