20 Ноябр 2013
Имруз дар шаҳри Хуҷанд сессияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд даъвати чахорум баргузор гардид. Онро Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ифтитоҳ намуд. Ба рузномаи маҷлис 9 масала гузошта шуд.
Сараввал доири рафти иҷрои «Қонуни ЧумхурииТочикистон дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон» ва вазифаҳои мақомоти маҳаллӣ барои татбиқи он, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова баромад намуд.
Баромадкунанда дар суханронии худ ҷанбаҳои муҳими амалисозии ин санади муҳими давлатиро мавриди таҳлил қарор дода, таҷдиди назар намудани восита ва усулҳои нави корбариро бо мақсади паст кардани сатҳи ҷинояткории ноболиғон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба маҳфилҳои эҷодӣ-ҳунарӣ ва маърифатӣ зикр намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба маърузакунанда, масъулин, роҳбарони мактабҳое, ки дар онҳо ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, супориши қатъӣ дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ врхуриро бо падару модарон пурзур намоянд.
Сардори Идораи молияи шахри Хучанд Абдусалом Бобочонов бо лоҳаи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2014 дар назди вакилони мардум баромад намуд. Соли оянда 218 миллион сомонӣ буҷети маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Дар тамоми самтхо баланшавии маош, бехтар намудани шароиту имкониятхои муассисахои таълими фархангӣ, тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ дар назар дошта шудааст.
Бо баррасии масалаи панчум, раиси Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳабббат Бобоҷонова баромад намуда, доири номгузории маҳаллу куча ва ташкилотхои шахр пешниходи комиссияи мазкурро ба самъи хозирон расонд. Аз ҷониби вакилони халқ пешниход қабул гардид.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев зимни баромади лоиҳаи махаллахои нав - 14 ва 15-ро муаррифӣ намуд. Тибқи нақшаи генералии маркази вилоят маҳаллаҳои мазкур бо тарҳи замонавӣ ва бисёрошёна бояд сохта шаванд.
Ҳамчунин вакилони халқ қарорҳои Раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Зимни баромади худ Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов доири беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳои шаҳр ва роҳандози намудани усулҳои нави корбарӣ барои паст кардани сатҳи ҷинояткории ноболиғон ҳарф зад.
Бо ҳамин иҷлосияи понздаҳум, даъвати чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом дод.