19 Ноябр 2013
Чунон,ки ба Маркази иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси комиссияи даъват, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов хабар дод, тибқи нақшаи даъвати тирамоҳӣ имруз охирон даъватшудагон аз назорати тиббӣ гузашта ба ихтиёри масъулини қисмҳои низомӣ хоҳанд шуд. Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола тибқи қонунҳои мавҷуда ду маротиба ҷавонписарони синни даъвати,ки имтиёз надоранд ва саломатии онҳо мувофиқи талабот аст, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Лозим ба ёдоврист,ки соли гузашта нақшаи даъват тирамоҳӣ 25 ноябр ба иҷро расида буд.