16 Ноябр 2013
Имруз хурсандии хонандагону омузгорони мактаби таҳсилоти умумии№17 шаҳри Хуҷандро канор набуд. Зеро онҳо соҳиби толори варзишии дорои шароити мусоид ва ҳозиразамон мегарданд. Дар маросими оғози сохтумони бинои толори варзишии дабистони мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов иштирок намуд. Дар суханронии худ Раҷаббой Каримов изҳори бовари кард, ки ба рузи тантанаҳои маросими савганд ёд намудани Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рост омад, ки басо рамзист.Зеро маҳз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон ҳидоятгари кору амалҳои нек аст. Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтумончиён супориш дод, ки то санаи 20 январи соли 2014 корҳои сохтумониро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Аз рузи бунёди мактаби мазкур, аз соли 1967 ин ҷониб дарсҳои тарбияи ҷисмониро хонандагон дар мактаби таҳсилоти умумии №20 мегузаронданд, ки барои сатҳу сифати таълими мактабиён тасири худро дошт.
Баъди ба истифода дода шудани толори варзишии мактаб, хонандагону омузгорон имкон пайдо мекунанд, ки сифати таълимро беҳтар намоянд. Маблағи умумии сарфшаванда 550 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ пардохта мешавад.
Лозим ба ёдоварист ки дар мактаби мазкур 520 нафар хонандагон таълим мегаранд, ки 32 нафар омузгорони бо таҷриба ба онҳо дарс медиҳанд.