(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирии фавти модару кўдак, таваллуди хонагӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон, занони маҳаллаҳо, духтурон мулоқот баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад намуда, ки аз ҷумла таъкид дошт, ки “Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хос дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Аз ин рў давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону духтарон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бо вуҷуди дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт камбудиҳо ба монанди - пош хўрдани оилаҳо, зўроварӣ дар оила, никоҳи хешовандони наздик ва дар ин ҷода зиёд гардидани тавлиди кўдакони маъюб, фавти модар ва таввалуд дар хона ташвишовар аст. Инро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самти фаъолиятро таѓйир дода, корҳои пешгирикунанда ва тарѓиботию ташвиқотиро дар маҳаллаҳо хона ба хона ва дар ба дар, хусусан дар соҳаи тиб ва маҳаллаҳои осебпазир, дар ҳамҷоягӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо ва раисони шўрои занони маҳаллаҳо бо фаъолону собиқадорони ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монд, то пеши роҳи пошхўрии оилаҳо ва пешгирии худкушӣ ва сўйқасд ба ҷони худ, дар ҳамбастагӣ гирифта шавад.

Таъкид шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд фавти модар ҳангоми таввалуд дар хона хеле нигарон аст. Дар самти таҳкими муносибат ва густариши фарҳанги оиладорӣ, пурзўр намудани механизми пешгирии зўроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зўроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанўз аз 3 майи соли 2014, №294, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” қабул гардид, ки ин санади муҳим дар самти пойдории оилаҳо ва дар асоси анъанаҳои неки аҷдодӣ ба роҳ мондани муносибатҳои оилавии зану шавҳар мусоидат мекунад.

Боиси зикр аст, ки бештар баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи генофонди миллат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди хушунати оилавӣ, танзими муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии бисёрникоҳӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, кафолатҳои иҷтимоии оила, пешгирии никоҳи хешубаторӣ, тарѓиби гузаштани навхонадорон аз муоинаи пешакии тиббӣ, муносибати кўдаку волидон дар низоъ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ равона карда шуда истодааст, ки дар маҷмуъ ин омилҳо ба пойдории оила мусоидат мекунад.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки зери роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода дар самти пойдории оилаҳо чораҳои зарурӣ ба мисоли ҷалби занону духтарон ба эҳёи ҳунарҳои хонагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани занону духтарон ба омўзиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили атласу адрасбофӣ, андешида шуда, баргузории озмуни тозабаргузоршудаи “Ҳунарманди беҳтарин”, “Рўзи Оила”, “Кадбонуи беҳтарин” “Фарҳанги оиладорӣ”, Маҳфили “Рози Бону”, “Беҳтарин оилаи Ҳунарманд”, Оила ва асрори оиладории ҷавонони муосир” ва Пероҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон” ҳамчун чорабинии тақвиятбахшандаи маҳорати оилаву оиладорӣ намунаи олии ин тадбирҳост. Инчунин, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо духтурони амрози занона, саратоншинос корҳои тарѓиботию ташвиқотии пешгирии вайроншавии оилаҳо ва дигар масъалаҳо байни занони 22 маҳаллаҳои шаҳр вохўриҳо баргузор гардида истодааст.

Сипас, Зеварой Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Наргис Ҳасанова, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд доир ба роҳҳои пешгирии фавти модар кӯдак ва оқибатҳои фоҷиабори тавлиди кӯдак дар хона маълумот доданд.

Ҳангоми таҳлили ҳолатҳои фавти кўдакон маълум гардид, ки дар ҷои аввал фавти кўдакони бо вазн кам таввалудшуда мебошад, ин вобастагӣ дорад аз сабаби зиёд шудани таввалуди пеш аз мўҳлат мебошад. Аммо таҳлилҳои дигар собит менамояд, ки новобаста аз чораҳои андешида шуда, то ҳанўз маърифати ҳуқуқии бархе аз волидон дар сатҳи паст қарор дошта, ҳуқуқҳои кўдакон ба монанди доштани шаҳрвандӣ, таҳсил намудан, эмин будан аз зўроварӣ таъмин нагашта истодааст. Аксар вақт шаҳрвандон бо назардошти он ки масъалаи иҷтимоии оила аст, чунин ҳодисаҳоро махфӣ медоранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...