(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Баҳри гиромидошти хотири олим ва сиёсатмадори ҷопонӣ, профессор Акино Ютако ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар зодбуни худи мутафаккир дар Япония бахшида ба 20-солагии ёдбуди нобиғаи бузург бо ҳузури доираи васеи коршиносони илмиву таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ва рӯзноманигорон симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла дар меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин ҳаводис мизи муддавар барпо шуд, ки дар он шореҳон ва коршиносони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми профессор Акино Ютако ба ҳайси олими низоъшинос ва мушовири сиёсии Миссияи нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ба даст овардани сулҳу суботи кишвар  назаррас аст. Олими машҳур зимни иҷрои фаъолияти худ дар Миссияи СММ дар Тоҷикистон соли 1998 аз ҷониби аъзоён ва фаъолону пайравони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) баъди як соли ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд.  Рӯзи 20-уми июли соли 1998 соати 11:00 вақте, ки автомашинаи кормандони СММ аз самти Ҳавзи Кабуд ба самти ноҳияи Дарбанд ҳаракат мекард, дар мавзеи Фарови ҳудуди деҳаи Ёнур роҳи онҳоро се нафар террористи ҳизби наҳзати исломӣ - Мирзомуддин Валиев, Ёқубҷон Дарвешов ва Сайраҳмон Довудов гирифта, нозирони СММ - майори поляк Ришард Швезик, майори Уругвай Адолфо Шарпегю ва тарҷумон - ронандаи тоҷик Маҳкамовро дар баробари А.Ютако ҳадафи тирпаронӣ қарор дода, ваҳшиёна ба ҳалокат расониданд.

Гарчанде, ки дар қатори баҳалокатрасидгон намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид шаҳрванди Полша, майор Ришард Швезик низ буд, вале имрӯз қотилони шаҳрванди Полша – роҳбарону аъзоён ва фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар он кишвар мақоми паноҳандагӣ гирифтаву онҷо бе мамоният зиндагӣ намуда истодаанд. Хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва таассуби наҳзатиҳо дар ҷомеа хатарҳои зиёдеро дар дунбол дорад ва ба нобудии шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Бо дасти хунхорони ТТЭ ҲНИ мардумони зиёди бегуноҳ қурбон шудаанд, ки иқомати онҳо дар кишварҳои аврупоӣ хатари нобудсозии бузургони илму адаби ҷаҳониро пеш меорад.

Ҳамин аст, ки ТТЭ ҲНИ таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, далатро ба гирдоби низоъҳо кашид, ки аксари роҳбарони онҳо исломгароёни ифротӣ буда, мехостанд мардумро бо таҳдиди туфангу шамшер зери таъсири худ қарор диҳанд. Мухолифони тоҷик, ки зери шиори динӣ-мазҳабӣ, яъне ТТЭ ҲНИ фаъолият мекарданд, боиси бадбахтии мардуми бечора гашта, мардони озодандешу адолатпарвар ва ходимони ҷамъиятиву сиёсии дихиливу хориҷиро бо хурофоту таассуб ба қатл мерасониданд. Аз ин рӯ, А.Ютако, ки дар ободии Ватан, сулҳу салоҳ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта буд, қурбонии ҷаҳолати ТТЭ ҲНИ гашт. Ин ҳизб дар муқобили халқ қарор гирифта, шахсиятҳои обрумандро, ки бо рафтору фаъолияташон дар миёни ҷомеа мақому эътибори барҷаста  доштанд, фоҷиабор несту нобуд мекард.

Аксари фоҷеаҳои қатлу куштори бузургони илму адаб ва нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳз аз ҷониби ТТЭ ҲНИ бо ҷаҳолату пешдоварии шахсони рӯҳонӣ ва ё гурӯҳи одамони ба он наздик ба вуҷуд омадааст.

С.Ориёнфар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...