(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи имрӯзаи иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, ки дар ин ҷо ҳанӯз соли 2015 сохтмонаш ба анҷом расида буд, шинос шуданд.

Садди мазкур дар қисмати поёнии Сойи оби шӯр сохта шуда, барои ҳимояи иншооти Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун» дар рӯзҳои боришоти зиёд пешбинӣ гардидааст. Садд бо баландии 75 ва паҳноии 20 метр бунёд гардида, шиддати харобиовари селро барҳам медиҳад. Дар ин иншоот ба миқдори 250 ҳазор метри мукааб бетон хобонида шуда, ҳаҷми арматураи басташуда зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Зимни боздид аз ин мавзеъ Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати ҳифз намудани иншоот ва саривақт тоза намудани қабатҳои муҳофизатии он дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдончаи назоратӣ бо рафти корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии нерӯгоҳ, корҳои берунаи бинои таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ҳолати имрӯзаи садди асосӣ ва фаъолияти сохтмончиён дар иншооти дигари ин мавзеъ шинос шуданд. Тавре аён гардид, сохтмончиён то имрӯз корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобониро дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2 ба анҷом расонида, ҳоло ба арматурбандии қисмати сақф машғуланд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома дорад.

Теъдоди умумии сохтмончиён дар ин мавзеъ аз 200 нафар бештар буда, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати пешрафти корҳо масолеҳи сохтмонӣ ва техникаву механизми зарурӣ муҳайё аст. Дарозии нақби сохтмонии қабати 1-ум 1365 метр ва нақби қабати 2-юм 1382 метрро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун» ҳамчунин бо таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ки дар масоҳати 1850 метри мураббаъ васлу насб гардидааст, шинос шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ дидан намуданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элигазии 500 кВ ва 4 адад дастгоҳи элигазии 220 кВ насб гардидааст. Масъулон таъкид доштанд, ки дар ин ҷо корҳои васлгарӣ беш аз 90% ба анҷом расидаанд. Ба Сарвари давлат иттило дода шуд, ки интиқоли нерӯи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ, сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар маҷмуъ бино аз толори таҷҳизоти элигазӣ, долонҳои ноқилгузар, низоми автоматии оташхомӯшкунӣ ва низоми ҳавотозакунӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти худкори низоми оташхомӯшкунӣ пурра васлу насб гардидааст ва он дар сурати сар задани сӯхтор ба таври автоматӣ фаъол гардида, иншоотро эмин нигоҳ медорад.

Бунёди майдончаи таҷҳизоти беруна бошад, дар қисмати чапи иншоот бомаром ҷараён дорад. Дар ин мавзеъ 6 адад автотрансформатори 500/220/25.75, 3 адад реактори заминпайванди 500 кВ ва 2 адад трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда мешавад. Корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии баромадгоҳи 500 кВ пурра иҷро гардидаанд.

Дар шафати иншооти таҷҳизоти тақсимкунандаи барқ бинои технологии иборат аз 5 ошёна ва таҳхона бунёд гардида, айни замон корҳои рангуборкунии дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома дорад. Тибқи маълумот дар ошёнаи якуми бино таҷҳизоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва шкафҳои низоми ҷараёни доимӣ васлу насб карда шуда, ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои озмоишҳои химиявӣ, ҳуҷраҳои аккумуляторӣ, озмоишгоҳҳои электротехникӣ ва гузаронидани ноқилҳо пешбинӣ шудаанд. Ошёнаи чорум бошад, бо шкафҳои ҳимояи релейӣ ва автомотикунонӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Ошёнаи панҷуми бино барои ҳуҷраҳои корӣ дар назар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулон ва бунёдгарони неругоҳ даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ ҳангоми иҷрои корҳо ба сифати масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва иншоотро ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд намоянд то садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...