01 Ноябр 2013
Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба чанде аз оилаҳои камбизоат баҳри сохтани манзилҳои истиқоматиашон кумаки амалӣ расонда шуда истодааст. Дар арафаи таҷлили Рузи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба дидорбинии оилаи Қодировҳо омад. Оилаи мазкур дар ҷанги шаҳрвандӣ писари худро гум карда алҳол се нафар нобилиғи ятимро тарбия менамоянд. Қаблан онҳо дар кучаи Содирхон Ҳофизи маркази вилоят, дар ҳавлии масоҳаташ ба андозаи як сотих, истиқомат менамуданд. Моҳӣ ва Муҳиддин Қодировҳо нафақахур буда, оилаи камбизоат маҳсуб мешаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз сатҳу сифати сохтумони манзили ин оила изҳори қаноатмандӣ намуда, аз шароити иҷтимоии онҳо пурсон шуд.
Оилаи Қодировҳо изҳор намуданд,ки онҳо баробари соҳиби манзили зебо гаштан, яхдону телевизорро аз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода чун туҳфа гирифтанд.
Барои ғамхории пайваста соҳибони манзил аз Раиси шаҳри Хуҷанд хоҳиш намуданд,ки дуои нек ва ихлосу сипосмандии онҳоро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода расонад.
Дигар ҷиҳози хона бошад, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмин карда шудааст.