01 Ноябр 2013
Ба ин маҳал кашидани хатти обу барқ ва таҷдиди роҳ ба лоиҳа ворид карда шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар суханронии худ иброз намуд,ки руз аз руз беҳтар гаштани некуаҳволии сокинон маҳз аз сиёсати ғамхоронаи Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар мавриди шаффоф ва озод будани кори комиссияи ҷамъиятӣ зикр намуда, Раиси шаҳр илова намуд,ки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода ҳамеша риояи адолат ва шаффофиятро дар мавриди тақсимоти қитъаҳои наздиҳавлигӣ талаб менамоянд.
Раҷаббой Каримов ҳамчунин аз ҳозирон даъват намуд,ки биноҳои истиқоматии худро бо назардошти талаботҳои замонавӣ ва барои истифодаи солҳои тулонӣ бунёд намоянд. Гузашта аз он байни нафарони соҳиби манзил шуда ,30 фоизро шахсони имконияташон маҳдуд ташкил медиҳад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз сокинон хоҳиш намуд,ки минбаъд нисбати ин шахсон, ки дар ҳамсоягии онҳо хоҳанд буд, бо эҳтирому ғамхор бошанд.