(0 овоз, миёна 0 аз 5)


Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом М.Кабирӣ бо хабарнигори “Независимая газета"

Иттиҳоди тоҷикони Қазоқистон мусоҳибаи раиси хизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабирӣ дар рузномаи "Независимая газета" (мусоҳиб Андрей Саренко, 05.06.2018), ки дар иртибот бо гузориши гаразноки таҳқиромез, вазъи сиёсии минтакахои Осиёи Миёна, хоса Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима кардааст, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум намуда, қотеъона изҳор медорад, ки чунин амалҳои моҷароҷӯ ва иғвоангези М.Кабирӣ ба таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кисми бахши муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Қазоқистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиханд, метавонад халал ворид намояд.
Муносибати дўстона байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хоричии сарони давлатҳои ин кишвар мавкеи асосӣ дорад, ки байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ рохандозӣ гардидааст ва ин бевосита ба таҳкими некуаҳволии мардуми ин ду сарзамин Ҷаҳиши қавӣ мебахшад.
Муносибати нек ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мавқеи асосӣ дорад. Вобаста ба дастовардхои ҳарду кишвар сахми сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург аст, ки дар таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрчонибаи кишвархоямон нақши муҳим доранд. 
Мо точикони муҳоҷир ва мукими Қазоқистон, инчунин точиктаборон, сатҳи ноилшудаи хамгироии байни кишвархоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва намегузорем, ки ин дўстӣ ва бародарии моро чунин душманони миллати тоҶик, ба мисли М. Кабирӣ, халалдор созанд.
Дар робита ба изхороти раиси ҳизбе, ки террористӣ ва экстремистӣ буда, миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат мебарад, гуфтанӣ ҳастем, ки ҳизби наҳзат ба сари халқи тоҷик кулфати зиёдро бор кардааст. Ҳамин ҳизб буд, ки соли 1992 ҷанги хонумонсӯзи бародариро оғоз кард ва мо тоҷикон иҷборан муҳоҷир шуда, ба Қазоқистон омадем ва имрӯз гарчанде зиндагиамон дар ин кишвар бо роҳату осуда ва осоишта аст, лекин дур аз Ватан ва хешу ақрабои худ ҳастем. 
Миллати тоҷик бояд он рузҳои бисёр дахшатноку фочиабори солҳои 90-уми асри гузаштаро ки боиси азобу машаккати зиёд ва ба халокат расидани даххо хазор нафар ахолии осоиштаи Тоҷикистон шуда буданд, харгиз фаромуш намесозад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии ТоҶикистон, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва акидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки рушди Ҷомеа ва давлат, факат дар сурати пойдории сулху субот ва вахдати милли амалӣ шуда метавонад.
Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣ ва вахдати миллии Тоҷикистон метавонад тахти таъсири раванду руйдодхои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани тахдиди хатархои нав, аз кабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар чинояткорихои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Бо максади тахкими минбаъдаи вахдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафхуми "шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ" бисёр мухим мебошад.
Аз ин ру, мо Ҷомеаи тоҶикони Казоқистон, мусоҳибаи ғаразнок ва таҳқиромези раиси ҳизби террористии нахзати исломӣ М.Кабириро, ки дар рӯзномаи "Независимая газета" (мусохиб Андрей Саренко,03.06.2018)чоп шуда, миллати тоҷикро боз ба сӯи навмедӣ, фақр, бенавоӣ, нооромӣ ва бесуботӣ даъват менамояд, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид махкум мекунем.

Шакарбек Норматов - Роҳбари Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъияти ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон “Кохи Нур”
Саидмурод Шарипов- Президенти Ассотсиатсияи маркази фарҳангии тоҷикон “Сомониён”
Карохон Солехов - Роҳбари маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Алмато «Сафар»
Шоназаров Умар - Роҳбари ҷамъияти фарҳангии тоҷикони вилояти Ақмола «Санги Кабуд»
Исмоилов Акбарҷон - роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Остона «Астана-Сомониён»
Амиршоев Анваршоҳ - роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Қазоқистони шимолӣ «Сомониён-Север» 
Ҳусейн Гулов –роҳбари ҷамъияти тоҷикони Павлодар «Ситораи Сомон»
Аминов Юсуф-
Иноятулло Валиев: 
Насриддинов Абдунаби:
Акобир Рашидов:
Сулаймон Рашидов:
Ёкуб Абдуллоев:
Мусаяб Саймахмадов:
Валиев Фатхулло:
Додихудо Салихов:
Бердиев Иноятулло:
Озар Ашуров:
Абубакр Давлатов:
Сияхаков Ҳасан:

Сарчашма: http://today.tj/

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...