(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи 16 июн Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи 1 май, ки ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хусуси ба таъхир афтодани оғози корҳои сохтмонӣ дар маҳалли зисташон, ки воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев аз тарафи ширкати “Ҳусноро-1” амалӣ мегардад, бо масъулини дахлдор ва худи бошандагони маҳал мулоқот намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури сокинони маҳалла сабаби таъхири гузаронидани ташхисро аз роҳбарияти ширкати «Ҳусноро-1” ва ҶДММ “Шаҳрофар” пурсон шуд.

Директори генералии ҶДММ “Суғдшаҳрофар” Мирзомуъмин Бобоев гуфт, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмонии ширкатҳо хориҷӣ бояд ба меъёрҳои дохилии кишвар мутобиқ гардонида шуда, фармоишгар талаботро риоя намояд. То имрӯз ду масъалаи асосӣ: хатҳои берунаи барқ ва обу ташноби иншооти сохташаванда ҳалношуда монда буданд. Чанд рӯз қабл масъалаи хатти барқ баррасӣ карда шуд ва ҳалли худро ёфт. Мушкилоти обу ташноб низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҳал қарор дорад ва ҳафтаи оянда ба ин муаммо ба пуррагӣ нуқта гузошта мешавад. Маҷмуан метавон гуфт, ки сохтмони биноҳои 12, 14 ва 16 ошёнае, ки аз тарафи ширкати «Ҳусноро-1” ба истифода дода мешавад, беш аз 70 фисади он аз ташхиси давлатӣ гузаштааст. Танҳо он ду масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор доранд ва яке ҳалли худро ёфт аз ташхис нагузаштаанд, он ҳам бошад баъди ду ҳафта ба ташхиси давлатӣ манзур карда мешаванд.

Директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин гуфт, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ташхиси лоиҳаи сохтмон аз ҷониби идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасдиқи худро ёбад. Баъди хулосаи мусбати ташхис мо бо ширкати сохтмонӣ дар хусуси оғози сохтмон шартнома баста, ба зуддӣ сохтани биноҳоро оғоз менамоем. Ба сифати кор бештар аҳамият медиҳем. Дар баробари ширкати сохтмонӣ дар ин маҳал кормандони мо низ омада, аз раванду сифати сохтмон назорат бурда, кӯмак мерасонанд. Мо низ ҳавасманд ҳастем, ки корро ҳарчи зудтар оғоз ва ба шаҳрвандон манзил таъмин намоем. Барои анҷом додани корҳо сохтмонӣ маблағҳои кифоя дорем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин дастур дод, ки бинобар қисми аъзами ташхиси лоиҳаи сохтмон хулосаи мусбат ба даст оварданаш, бо пудратчии сохтмон шартномаро имзо ва корҳои омодагиро андешад. Зеро вақт муҳим аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як моҳ қабл иҷозати корҳои ҳамворкуниро дода буд. Мардум интизор ҳастанд, ки кай соҳиби бино мешаванд. Мо бояд корро тезонем.

Директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин ба сокинони маҳалла муроҷиат намуда, аз эшон даъват ба амал овард, ки босабр бошанд, ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳо дода нашаванд.Ширкаташон бонуфуз аст.Шаҳрвандон метавонанд бо мушкилот ва саволҳояшон ба роҳбарияти ширкат муроҷиат намоянд ва дар навбати худ роҳбарияти ширкат ҳамарӯза онҳоро қабул ва аз раванди корҳо иттилоъ медиҳанд.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки роҳбарияти ширкати “Ҳусноро-1” аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пазируфта шуда, вазифагузориҳо мушаххас гардиданд. Ва оғозу раванди сохтмон зери назорати доимии Роҳбари вилоят қарор дорад.

Сокинони маҳалла миннатдории хешро ҷиҳати баррасии фаврӣ ва ошкорову шаффоф ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...