18 Май 2018
Корҳои ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба сохтмон дар хиёбони Раҳмон Набиев аз тарафи ширкати “Ҳусноро-1” оғоз гардид. Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо собиқ сокинони ин маҳал мулоқоти озоду ошкоро намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сабаби таъхири оғози сохтмони биноҳоро аз ҷониби ширкати чинӣ дар мувофиқат накардани талаботи меъёрии сохтмон арзёбӣ намуда, ба сокинони маҳал мужда расонд, ки лоиҳаи биноҳо баъди таъғиру иловаҳо аз ташхиси сохтмон якчанд марҳилаҳоро гузашта, дар анҷоми тасдиқёбист. Худи ҳамин рӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷозаи корҳои ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба оғози сохтмонро ба ширкати «Ҳусноро-1” дастрас менамояд. Ва онҳо метавонанд ба пуррагӣ ба оғози кор машғул гарданд.Раиси шаҳр гуфт, ки роҳбарияти ширкати “Ҳусноро-1” аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пазируфта шуда, вазифагузориҳо мушаххас гардиданд. Ва оғозу раванди сохтмон зери назорати доимии Роҳбари вилоят қарор дорад.
Директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин гуфт, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки лоиҳаи сохтмон аз ҷониби идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасдиқи худро ёбад, то ин ки эшон ба кор оғоз намоянд. Зеро мардум интизор аст, то ин ки онҳо бо сифати баланд сохтмонро анҷом диҳанд.
Ван Рен Лин сипосгузории ширкатро ба Раиси шаҳри Хуҷанд расонд, ки дар ин муддат онҳоро дастгирӣ ва дар марҳилаҳои оғози кор бо кумакҳои амалии хеш мусоидат намуд. Дар маҳалли сохтмони биноҳои 10 -12 ошёна сохта ба истифода дода мешавад. Пудратчии сохтмон ҶДММ “Каскад-Хуҷанд” мебошад.
Мавҷуда Алибоева, собиқ сокини ин маҳалла гуфт, ки барои онҳо аз мӯҳлат дида, пеш аз ҳама сифати он муҳим аст. Умедворӣ намуд, ки бо талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва тибқи шартномаи тарафайн онҳо соҳиби манзили истиқоматӣ мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд