18 Май 2018
Бо мақсади пуршукӯҳ ҷашни гирифтани Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти пагоҳ, яъне санаи 19-уми майи соли равон, соати 7:00 дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд машқи пагоҳирӯзӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
Ҳамчунин худи ҳамин рӯз соати 8:00 аз ин мавзеъ мусобиқа велосипедронӣ оғоз гардида, то маҳаллаи 3-юми шаҳр тӯл мекашад.
Санаи 20-уми майи соли равон соати 8:00 аз назди Маҷмааи «Ҳавзи шиноварӣ» тариқи хиёбони Раҳим Ҷалил ба воситаи купрӯки нав то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд дави миллӣ баргузор мешавад.
Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд